عَن أمِّ سَلَمَة، قالَت: سَمِعتُ رَسُولَ اللهِ صَلَّي اللهُ عَلَيهِ (وَ آلِهِ) وَ سَلَّمَ يَقُولُ: المَهدِيُّ مِن عِترَتِي، مِن وُلدِ فاطِمَة
Аз уммулмуъминин ҳазрати Умми Салама (Худо аз ишон розӣ бод) нақл шудааст, ки гуфт: Аз Расули Худо (Дуруди Худо бар ӯ ва хонадонаш бод) шунидам, ки мегуфт: Маҳдӣ аз итрат (насл)-и ман; аз фарзандони Фотима аст.
📖 Сунани Абудовуд, Сунани Ибни Моҷа, Муъҷами Табаронӣ ва Мустадраки Ҳокими Нишопурӣ
🤲 Барор дасти дуо то дуо кунем, биёяд
🤲 Биё ба Юсуфи Заҳро, дуо кунем, биёяд
Дуо агар накунам ман, дуо агар накунӣ ту
🤲 Кашад ғамаш ба дарозо, дуо кунем, биёяд
Худаш намуда супориш, дуо кунед бароям
🤲 Фидои ғурбати мавло, дуо кунем, биёяд
Ба вақти розу ниёзе, ба ҳар қунути намозе
🤲 Бихон дуои фараҷро, дуо кунем, биёяд
Биёву ҳоҷати худро фидои ҳоҷати ӯ кун
🤲 Ба ҳар ниёзу таманно, дуо кунем, биёяд
Ба он умед, ки ояд, инояте бинамояд
🤲 Ба чашми мо биниҳад по, дуо кунем, биёяд
Биё ба синаи саҳро, зи ҳиҷри ёр бинолем
🤲 Бирез ашк чу дарё, дуо кунем, биёяд
Барои рӯзи зуҳураш, барои дарки ҳузураш
🤲 Шавем ҷумла муҳайё, дуо кунем, биёяд
Биёву хонаи дилро зи ғайри ёр туҳӣ кун
🤲 Бипӯш ҷомаи тақво, дуо кунем, биёяд
Биё чу абри баҳорон, кунем нолаву зорӣ
🤲 Равон шавем ба ҳар ҷо, дуо кунем, биёяд
Бирезад ашк шабу рӯз он ғариби замона
🤲 Дилаш шикаста зи ғамҳо, дуо кунем, биёяд
Ба ранҷҳои Паямбар, ба ашки ғурбати Ҳайдар
🤲 Ба сӯзи синаи Заҳро, дуо кунем, биёяд
🤲 Худоё, бар Фотима, падараш, ҳамсараш ва фарзандонаш дуруду салом бифирист ва аз баракатҳояшон дар дунё ва охират насибамон гардон!
🤲 Парвардигоро, имом Маҳдӣ, аз итрати Расули Худо ва аз фарзандони ҳазрати Фотимаи Заҳроро бирасон ва адолати ҳамагониро бигустарон ва золимонро ба сазои ҷиноятҳояшон бирасон ва мазлумонро аз чанголи золимон бираҳон!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев