Дар бораи худбоварӣ. Натиҷаи худбоварӣ ва эътимод ба худ ва қабули худ, иборат аст аз кашфи зарфиятҳои худ. Мо хеле авқот аз зарфиятҳои вуҷудии худамон ғофилем; ҳатто аз зарфиятҳои ҷисмии худамон ғофилем, чи бирасад ба зарфиятҳои фикрӣ, чи бирасад ба зарфиятҳои рӯҳӣ ва қалбӣ. Худбоварӣ моро мутаваҷҷеҳи ин зарфиятҳо мекунад, баъд моро қадршиноси ин зарфиятҳо мекунад ва баъд сабаб мешавад, ки ин зарфиятҳоро ба кор бигирем. Мисолҳои зиёде дорад, ки ҳоло дигар вориди баҳсу баёни ҷузъиёт намешавам.
Албатта, «худобоварӣ», ки арз мекунем, чи дар абъоди фарди басиҷӣ, чи дар абъоди созмони басиҷ, вақте ки ба вуҷуд омад ва вуҷуд дошт, ин ҳақиқат ки ваъдаи илоҳӣ аст, дар муқобили чашми инсон таҷаллӣ пайдо мекунад; як ҷо мефармояд: «وَ لِلهِ جُنودُ السَّماواتِ وَ الاَرضِ وَ کانَ اللهُ عَلیماً حکیما» (сураи Фатҳ ояти 4) як ҷо ҳам мефармояд: «وَ لِلهِ جُنودُ السَّماواتِ وَ الاَرضِ وَ کانَ اللهُ عَزیزاً حکیما» (сураи Фатҳ ояти 7)
«Азиз» яъне мавҷуде, ки ғалаба мекунад ва ҳаргиз мағлуб намешавад; ин маънои «азиз» аст. Ҳамаи ин аҷзои бениҳояти олами вуҷуд, лашкари Худо ҳастанд; агар мо бандаи Худо бошем, ин лашкар метавонад ба кумаки мо бияёд; ин аз суннатҳои илоҳӣ ва суннатҳои табиӣ аст. Албатта, фармондеҳии ин лашкар бо мо нест, ки ҳар вақт ирода кардем, аз ин лашкари илоҳӣ истифода кунем; фармондеҳ Худост; ва ин фармондеҳ, дар шароити хос ва бо шароити муайян, вақте ки мо омода бошем, инро дар ихтиёри мо мегузорад. Инҳо ҳарфи Қуръон аст, инҳо таъбироти ошкори Қуръони Карим аст: بَلیٰ اِن تَصبِروا وَ تَتَّقوا وَ یَأتوکُم مِن فَورِهِم هٰذا یُمدِدکُم رَبُّکُم بِخَمسَةِ آلافٍ مِنَ المَلائِکَةِ مُسَوِّمین (сураи Оли Имрон ояти 125)
Агар шумо омода бошед, малоикаи илоҳӣ ҳам ба кумаки шумо меоянд. Мо ин кумакҳои илоҳиро дидем; ҳам дар дифои муқаддас дидем, ҳам қаблаш дидем, ҳам баъдаш дидем, ҳам дар майдони сиёсӣ дидем, ҳам дар майдони ҷанги низомӣ дидем, ҳам дар майдони илмӣ дидем. Кумаки илоҳиро куҷо мешавад дид? Он ҷое, ки коре шумо анҷом медиҳед, ки ба хаёли худатон, ба назари худатон номумкин аст, аммо мумкин мешавад ва таҳаққуқ пайдо мекунад. Хуб, ин хусусиятҳо -эътимод ба нафс, тавоноиҳои фикрӣ ва рӯҳӣ ва ҷисмии худро шинохтан, қудрати ирода ва тасмимгириро қадр донистан ва мақҳури иродаи душман нашудан- марбут ба худбоварии неруи баҷиҷ ҳам созмони басиҷ ва ҳам шахси ҳар басиҷӣ аст.
Як омиле дар вуҷуди мо ҳаст, ки хеле вақтҳо аз он омил ғафлат мекунем. Он чист? Он қудрати тасмимгирӣ ва қудрати ирода аст. Мо ирода ва қудрати ирода дорем. Иродаи як инсон гоҳе он қадар қавӣ мешавад, ки метавонад як чизеро халқ кунад, ба вуҷуд биёрад; ин қудрат дар мо ҳаст; намешиносем, қадр намедонем ва тақвияташ намекунем. Дар зиндагии басиҷӣ ва мактаби басиҷӣ, шинохтани ин тавоноии зотӣ ва дарунии инсон, яке аз барҷастагиҳо ва имтиёзҳо аст. Хуб, ин хусусиёт, ки шумо мақҳури иродаи душман нашавед, иродаи худатонро ғалаба бидиҳед, эътимод ба нафс дошта бошед, хусусиёти худатонро бишиносед, инҳо дуруст нуқтаи муқобили нақшаҳои истикбори ҷаҳонӣ барои миллатҳо аст; дуруст нуқтаи муқобили инҳо аст.
Оятуллоҳ Хоманаӣ, 25/11/2024
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев