🌺Боғи ҳастӣ бесафо мешуд, агар Заҳро набуд
🌺Атри гул аз гул ҷудо мешуд, агар Заҳро набуд
🌿Тирагӣ дар аввалин бархурд бо Хуршеди ишқ
🌺Чира бар оинаҳо мешуд, агар Заҳро набуд
🌿Иртизоқи Офтоб аз рӯйи оламтоби ӯст
🌺Ин ҷаҳон зулматсаро мешуд, агар Заҳро набуд
🌿Абрҳои куфролуд аз насими фитнаҳо
🌺Дар ҳавои дил раҳо мешуд, агар Заҳро набуд
🌿Дар дили амвоҷи тӯфонзои уқёнуси даҳр
🌺Фулки дин бенохудо мешуд, агар Заҳро набуд
🌿Нусрати ҳақ дар бари куфр аз фидокории ӯст
🌺Зулму ноҳақ пешво мешуд, агар Заҳро набуд
🌿Қомати яктопарастоне ҳамонанди Алӣ
🌺Зери бори ғам дуто мешуд, агар Заҳро набуд
🌿Баҳри Қуръону ҳақиқат ҳастияшро дод ӯ
🌺Маҳв дини Мустафо мешуд, агар Заҳро набуд
🌿Ишқ агар дорад ҳаёт аз ӯст доим бегумон
🌺Ишқ дар олам фано мешуд, агар Заҳро набуд
✍️ Сурудаи Ёсир
🤲 Худоё, бар Фотима, падараш, ҳамсараш ва фарзандонаш дуруду салом бифирист ва аз баракатҳояшон дар дунё ва охират насибамон гардон!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев