Ҳол биёед диққат кунем, ки чаро чунин аст?
Бояд бидонем, ки дар ин олам ҳазрати Фотимаи Заҳро ҷуз ризои Худо ҳеҷ чизи дигаре намехостааст. Чун ӯ фонӣ дар ризои Худост, ризои Худо ҳам дар ризои Фотима аст. Ғазаби ӯ танҳо аз касе ё чизе буд, ки бар хилофи арзишҳои ҳақ ва ризои илоҳӣ буд ва аз ғазаби ӯ мефаҳмем, ки он кас ё он чиз мавриди ғазаби Худо ва Расули Худост.
Ҳар он чи аз забони Расули Худо (с), ҳазрати Алӣ (к) ва имомони аз насли ишон баён шудааст, ҳама шоҳиди азамати ғайри қобили андозагирии ин бонуи азимушшаън аст. Ба ростӣ, азамати ҳазрати Фотимаи Заҳроро наметавон бо ҳеҷ инсоне ҷуз бо худи Расули Худо ва Аҳли байти он ҳазрат муқоиса кард. Мақоми ин бону хеле бузург аст.
Аҳамияти хашму ризои Фотима
Худованд ба хотири хашму ғазаби ҳазрати Фотимаи Заҳро хашмгин ва ғазабнок мешавад ва ба хотири хушнудии ҳазрати Фотимаи Заҳро Худованд хушнуд мешавад. Маънояш ин аст, ки ҳар инсон ва мусулмоне агар бихоҳад Худоро хушнуд кунад, бояд коре кунад, ки Фотимаи Заҳроро хушнуд кунад. Агар тавсияҳо, дарсҳо, ҷиҳатгириҳо ва авотифи он бузургвор риоят ва амал шуд Худои Мутаол хушнуд мешавад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев