🥀 Дар фироқи ҷонсӯзи сиддиқаи шаҳида сарвари бонувони олам ва аҳли биҳишт ва дурдонаи маҳбуби Расули Худо ҳазрати Муҳаммади Мустафо ва ҳамсари мавлоно Алии Муртазо ва модари арҷманди мавлоно имом Ҳасани Муҷтабо ва имом Ҳусейн шаҳиди дашти Карбало ҳазрати Фотимаи Заҳро (Салому дуруди Худо бар онон бод)
🥀Меравӣ, аммо агар мешуд бимонӣ, хуб буд
🥀Бо ту Заҳро, лаҳзаҳои зиндагонӣ хуб буд
Эй тамоми моҳҳо, хуршедҳо дар хонаат
🥀Хонаам бо будани ту каҳкашоне хуб буд
Шуд саломам бе ҷавобу Фотима дар ғурбатам
🥀Мояи оромишам шуд, ҳамзабоне хуб буд
Зиндагӣ кардӣ канорам, содаву бе иддао
🥀Дар канорат хӯрдани як қурси ноне хуб буд
Дар ғуруби кӯчаҳову ғуссаҳо чун шуълаҳо
🥀Сухтӣ ҳамроҳи Ҳайдар посбонӣ хуб буд
Хандаро аз ту гирифта, дарди паҳлуҳои ту
🥀Хандаҳоят Фотима дар навҷавонӣ, хуб буд
Меравӣ аз ҳуш ҳар дам, ҳолу рӯзат хуб нест
🥀Меравӣ, аммо агар мешуд бимонӣ, хуб буд
Ёдам ояд рӯзҳоеро, ки мегуфтӣ «Ҳусейн»
🥀Бо навои ту чӣ қадр ин равзахонӣ, хуб буд
Карбало ҳам гуфт Зайнаб лаҳзаҳои вопасин:
🥀Эй бародарҷон, агар мешуд бимонӣ, хуб буд!
🤲 Худоё, бар Фотима, падараш, ҳамсараш ва фарзандонаш дуруду салом бифирист ва аз баракатҳояшон дар дунё ва охират насибамон гардон!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев