پیام قرآن - ادب ایمانی نسبت به پیامبر خدا - سوره احزاب آیه 53
Ба номи Худо
Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист!
Салом, ҳамроҳони гиромӣ!
Худои Мутаол дар ояти 53 сураи Аҳзоб мефармояд:
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَدْخُلُوا بُيُوتَ النَّبِيِّ إِلَّا أَنْ يُؤْذَنَ لَكُمْ إِلَىٰ طَعَامٍ غَيْرَ نَاظِرِينَ إِنَاهُ وَلَٰكِنْ إِذَا دُعِيتُمْ فَادْخُلُوا فَإِذَا طَعِمْتُمْ فَانْتَشِرُوا وَلَا مُسْتَأْنِسِينَ لِحَدِيثٍ ۚ إِنَّ ذَٰلِكُمْ كَانَ يُؤْذِي النَّبِيَّ فَيَسْتَحْيِي مِنْكُمْ ۖ وَاللَّهُ لَا يَسْتَحْيِي مِنَ الْحَقِّ ۚ
Эй касоне, ки имон овардаед, ба хонаҳои Паёмбар надароед, магар ба шумо барои хӯрдани таом иҷозат дода шавад, дар ҳоле ки пеш аз вақт наёед то мунтазири омода шудани таом бимонед, аммо вақте даъват шудед дароед ва вақте ғизо хӯрдед, пароканда шавед ва саргарми суҳбат нашавед, зеро ин амал Паёмбарро меозорад, вале аз шумо шарм мекунад (ва чизе намегӯяд), аммо Худованд аз баёни ҳақ шарм намекунад!
وَإِذَا سَأَلْتُمُوهُنَّ مَتَاعًا فَاسْأَلُوهُنَّ مِنْ وَرَاءِ حِجَابٍ ۚ ذَٰلِكُمْ أَطْهَرُ لِقُلُوبِكُمْ وَقُلُوبِهِنَّ ۚ
Ва ҳангоме ки чизе аз ашёи зиндагиро аз онон (ҳамсарони Паёмбар) бихоҳед, аз пушти парда бихоҳед, чун ин кор барои покии дилҳои шумо ва онҳо беҳтар аст!
وَمَا كَانَ لَكُمْ أَنْ تُؤْذُوا رَسُولَ اللَّهِ وَلَا أَنْ تَنْكِحُوا أَزْوَاجَهُ مِنْ بَعْدِهِ أَبَدًا ۚ إِنَّ ذَٰلِكُمْ كَانَ عِنْدَ اللَّهِ عَظِيمًا
Ва шумо ҳақ надоред, ки Расули Худоро озор диҳед ва на ҳаргиз ҳамсарони ӯро баъд аз ӯ ба ҳамсарии худ дароред, зеро ин кор назди Худо бузург аст!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев