Предыдущая публикация
Ғазза байтулизза гашта бо шаҳидонаш кунун
Нест хоҳад кард Исроилро туфони хун
Бо сипоҳи роҳи ҳақ душман намегардад ҳариф
Куштани тифлону модар кори саҳюни забун
Ин чӣ туфонест аз Ақсо ба ақсои ҷаҳон
Ин чӣ имонест, поёнаш шукуҳу лолагун
Хонаи пушолии ин анкабутон пора шуд
Ҳеҷ суде нест ин аҳриманонро з-ин ҷунун
Ваъдаи содиқ шавад озодии Қудси шариф
Ҳеҷ ҷое нест бар аҳриманон дигар масун
Сарбаланд Иброҳиму Қосим, Ҳусейну Зоҳидӣ
Зибҳ Исмоилу парчам ҳаст боло раҳнамун
Таҳният ин комёбӣ, таслият дарди фироқ
Бар тамоми уммату сайид Алӣ аз муъминун
Роҳи ҳақ пояндаву ёди шаҳидон зинда аст
Мешавад саҳюну аъвонаш ба зудӣ сарнагун
С. М.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев