Зайнаб, кӣ буда? Духтари Заҳро
Зинати Алӣ аз насли Тоҳо
Ҳасан бо Ҳусейн бародаронаш
Ду гули Расул, беҳтар зи ҷонаш
Ҳамроҳи Ҳусейн рафта Карбало
Ба чашми худ дид сари ӯ ҷудо
Ду гули лола корид он ҷо
Чун оби борон борид он ҷо
Душмани хунхор карда асираш
Ғами имомаш намуда пираш
Буда парастор барои Саҷҷод
Занону тифлон зи дасти бедод
Ба дашту саҳро ёри ятимон
Тамоми сабру қуллаи имон
Зи Кӯфа то Шом ранҷи фаровон
Кашида баҳри ризои ҷонон
Агарчи буд зан, ҳамеша як тан
Оташ зада ӯ ба қалби душман
Меҳри ту Зайнаб дар ҷони мо ҳаст
Давоми роҳат паймони мо ҳаст
Бар ту салом, эй хоҳари Ҳусейн
Будӣ ҳамеша ёвари Ҳусейн
Сармашқи моӣ, эй бону Зайнаб
Дар қалб ҷоӣ, эй бону Зайнаб
Салому дуруди Худо бар имом Ҳусейн ва Алӣ ибни Ҳусейн ва авлоди Ҳусейн ва асҳоби Ҳусейн ва Зайнаб бинти Алӣ, ки дар роҳи ризои Худо фидокорӣ карданд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев