🟢 Ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб (Саломи Худо бар ишон бод) фармуд:
🔹 إنَّ أَوْلَى النَّاسِ بِالْأَنْبِيَاءِ أَعْلَمُهُمْ بِمَا جَاءُوا بِهِ ثُمَّ تَلَا
🔸 Наздиктарин мардум ба паёмбарон касоне ҳастанд, ки ба ончи овардаанд донотар бошад. Ва сипас ин оятро хонд:
🔹 "إِنَّ أَوْلَى النَّاسِ بِإِبْراهِيمَ لَلَّذِينَ اتَّبَعُوهُ وَ هذَا النَّبِيُّ وَ الَّذِينَ آمَنُوا" (آل عمران آیه 68)
🔸 Дар ҳақиқат наздиктарин мардум ба Иброҳим касоне ҳастанд, ки аз ӯ пайравӣ кунанд ва ин Паёмбар ва касоне, ки имон оварданд. Сураи Оли Имрон, ояти 68
🔹 ثمَّ قَالَ إِنَّ وَلِيَّ مُحَمَّدٍ (صلی الله علیه وآله) مَنْ أَطَاعَ اللَّهَ وَ إِنْ بَعُدَتْ لُحْمَتُهُ
🔸 Сипас гуфт: Дар ҳақиқат дӯсти Муҳаммад (с) касе аст, ки Худоро итоат кунад, ҳарчанд ба насаб аз ӯ дур бошад.
وَ إِنَّ عَدُوَّ مُحَمَّدٍ (صلی الله علیه وآله) مَنْ عَصَى اللَّهَ وَ إِنْ قَرُبَتْ قَرَابَتُهُ
🔸 Ва ба ростӣ душмани Муҳаммад (с) касе аст, ки нофармонии Худо намояд, ҳарчанд хешованди наздики ӯ бошад.
📖 Наҳҷулбалоға, хутбаи 96
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев