Худои Мутаол дар оёти 59-61 сураи Оли Имрон моҷарои гуфтугӯи Расули Худо (с) бо масеҳиёни Наҷронро бозгӯ кардааст:
إِنَّ مَثَلَ عِيسَىٰ عِنْدَ اللَّهِ كَمَثَلِ آدَمَ ۖ خَلَقَهُ مِنْ تُرَابٍ ثُمَّ قَالَ لَهُ كُنْ فَيَكُونُ
Дар ҳақиқат масали (хилқати) Исо ба амри Худо мисли хилқати Одам аст, ки ӯро аз хок офарид, сипас ба ӯ гуфт: (Башари комил) бош, ҳамон дам чунон шуд.
الْحَقُّ مِنْ رَبِّكَ فَلَا تَكُنْ مِنَ الْمُمْتَرِينَ
Сухани ҳақ ҳамон аст, ки аз ҷониби Худо ба ту расид, пас ҳаргиз аз тардидкунандагон мабош!
فَمَنْ حَاجَّكَ فِيهِ مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَكَ مِنَ الْعِلْمِ فَقُلْ تَعَالَوْا نَدْعُ أَبْنَاءَنَا وَأَبْنَاءَكُمْ وَنِسَاءَنَا وَنِسَاءَكُمْ وَأَنْفُسَنَا وَأَنْفُسَكُمْ ثُمَّ نَبْتَهِلْ فَنَجْعَلْ لَعْنَتَ اللَّهِ عَلَى الْكَاذِبِينَ
Пас ҳар кас бо ту дар бораи Исо ҷидол ва гуфтугӯ кунад баъд аз он ки ба аҳволи ӯ огоҳӣ ёфтӣ, бигӯ: Биёед, мо ва шумо фарзандону занон ва касонеро, ки ба манзилаи худамон ҳастанд бихонем, сипас ба мубоҳала бархезем (ва дар ҳаққи якдигар нафрин кунем) то дурӯғгӯён (ва кофирон)-ро ба лаъну азоби Худо гирифтор созем.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев