Дирӯз дар Ҷумҳурии Исломии Эрон чордаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурӣ баргузор шуд. Дар ин давра 40% раъйдиҳандагон - беш аз 24 535 185 нафар - ширкат карданд. Чор нафар дар ин давра ба рақобат пардохтанд ва ҳеҷ кадом беш аз нисфро ба даст наёвард, аз ин рӯ интихобот ба даври дувум кашида шуд.
1. Масъуди Пизишкиён бо 10 415 901 раъй
2. Саъиди Ҷалилӣ бо 9 473 298 раъй
3. Муҳаммадбоқири Қолибоф бо 3 383 340 раъй
4. Мустафо Пурмуҳаммадӣ бо 206 397 раъй
Даври дувуми интихобот рӯзи ҷумъаи ҳафтаи оянда бо рақобати Пизишкиён ва Ҷалилӣ баргузор хоҳад шуд. Мо ҳам аз Худои Мутаол мехоҳем, ки натиҷаи ин интихобот пирӯзии шоистатарин фард барои ин мақоми муҳим дар ҶИЭ бошад ва барои мо тоҷикон ва ҳамаи мусулмонону озодагони ҷаҳон судманд бошад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3