Дафтари раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон дастур дод, ки нархи истифода аз Интернет гуфтугуҳои телефонӣ ба ҳолати пешин оварда шавад ва онҳое, ки дар боло бурдани он даст доранд, ҷазо дода шаванд.
Абдуфаттоҳ Шарифзода рӯзи 23-уми апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷаласаи ахир президент гуфтааст, ки аз норозигии мардум огоҳ гаштааст ва амр додааст, ки қимати истифода аз Интернет ба ҳолати пешин оварда шавад.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ бо нашри як баёнияи кутоҳ дар вебсайташ навишт: "Имрӯз бо Эмомалӣ Раҳмон нархи истифодаи интернет ва арзиши тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ ба ҳолати аввала баргардонида шуд."
(Радиои Озодӣ)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев