Беҳтарин абрӯ,ки дидам абрувони модарам буд.
Нармтар аз дастони модар ман надидам дар ҷаҳон,
Беҳтарин марҳам бароям дастакони модарам буд.
Дар гуногун фасли сол дидам ҳазор зебоиҳо,
Лек,даври хуштаринам дар макони модарам буд.
Гар бубинам ҳар саҳар болои сар осмони соф,
Шукр,валекин беғубораш осмони модарам буд.
Ранги дунёро бидидам бебаҳост,бе шак,вале,
Беҳтараш,лек хоки пойи остони модарам буд.
Беҳтарин ганҷе,ки дидам қимат аз модар нашуд,
Бадтарин рӯзи ҳаётам ин хазони модарам буд.
Ман ба ҷузъ к-аз бевафои баъди ӯ чизе надидам,
Пас самимиҳои дунё то замони модарам буд?
Сӯзи ҷони модарам буд донаҳои ашки ман,
Беҳтарин ороми ҷонам зонувони модарам буд.
Меҳрубонӣ,ҷонфишонӣ буд шиори қалби ӯ,
Лафзи ширин-шаккарин ҳам аз забони модарам буд.
Хониши паррандагону рангу бӯи ин ҷаҳон,
Дӯстон гӯед,ки ин ҳам армуғони модарам буд?
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2