Ҳатто Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар Ҳаҷҷатул видоъ охирин ва аввалин ҳаҷҷе, ки карданд, дар рўзи Арафот, дар хутбаашон фармуданд:
…Фа инна димоакум ва амволакум ва аърозакум алайкум ҳаром. Ка ҳурмати явмикум ҳаза фӣ баладикум ҳаза фӣ шаҳрикум ҳаза. Васаталқавна раббакум фа ясьалукум ан аъмоликум...
Албатта, хуни шумо, моли шумо, обрўю эҳтироми шумо (байни ҳамдигар қадр дорад ва аз ин рў) барои шумо ҳаром аст. Чӣ хеле, ки мо дар моҳи муқаддас, дар рўзи муборак ҳастем, ҳамин тавр хуну молу обрўи шумо баланд аст ва ба он таҷовуз накунед. Зуд аст, ки бо Парвардигор рў ба рў мешавед ва Парвардигор шуморо аз корҳоятон мепурсад. Саҳеҳ Бухорӣ
Аммо афсўс, ки имрўзҳо гоҳо мебинед, ки моли фалон шахсеро дуздидаанд ва ё ба обрўю номуси духтар ва ё зани фалон нафаре даст дароз кардаанд, ин ҳама нишонаи беимонӣ аст.
Золим гумон накунад, ки ба нафаре зулм кардаасту бо ин тамом. Балки рўзи қиёмат бо Парвардигор рў ба рў мешавад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) гуфтаанд:
Латуадданал ҳуқуқа ило аҳлиҳо явмал қиёмати. Ҳатта туқодаш-шатал ҷалҳаи минаш-шатил қарнаи.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев