(1)
Аввалан:
Яке аз аслу пояҳои муқаррари дин он аст, ки шахси мусалмон қабл аз машғул гаштан ба дигарон, мебояд ки аз пайи ислоҳи нафси хеш бошад. Ва дар таҳқиқи наҷоташ ва дурӣ аз асбоби ҳалокаташ саъю талош кунад.
Чӣ тавре ки Аллоҳи мутаъол фармудааст:
"Қасам ба замон (ки сармояи зиндагии инсон ва фурсати талоши ӯст). Инсонҳо ҳама дар зиёнкорӣ ҳастанд. Магар онҳое ки имон оварданд ва корҳои шоиста (амали солеҳ) анҷом доданд, ва ҳамдигарро ба ҳаққу (ҳақиқат) васият карда ва ба сабру таҳаммул васият намуданд". (Сураи Аср, 1-3).
Хабар медиҳад аз онҳое, ки аз зиёну хусрон наҷот ёфтаанд ва чунин хислатҳоро доранд. Онҳое ки имон ва амали солеҳро дар нафси хеш ба ҷой овардаанд, қабл аз онки дигаронро ба ҳақиқат ва сабру таҳаммул васият кунанд.
Ҳамчунин Аллоҳи мутаъол Бани Исроилро барои мухолифт бо ин асл мазаммат кардаву мегӯяд:
( ﺃَﺗَﺄْﻣُﺮُﻭﻥَ ﺍﻟﻨَّﺎﺱَ ﺑِﺎﻟْﺒِﺮِّ ﻭَﺗَﻨﺴَﻮْﻥَ ﺃَﻧﻔُﺴَﻜُﻢْ ﻭَﺃَﻧﺘُﻢْ ﺗَﺘْﻠُﻮﻥَ ﺍﻟْﻜِﺘَﺎﺏَ ﺃَﻓَﻼَ ﺗَﻌْﻘِﻠُﻮﻥَ ).
"Оё мардумро ба некӯкорӣ фармон медиҳед (ва аз эшон мехоҳед, ки бештар ба тоъату некиҳо бипардозанд, ва аз гуноҳон даст кашанд) ва худро фаромӯш мекунед (ончӣ ба дигарон мегӯед, худатон амал намекунед)!?
Дар ҳоле ки шумо китоб мехонед (таҳдиди Худованд дар бораи оне ки кирдораш мухолифи гуфтораш аст, мутолаъа мекунед)!
Оё намефаҳмед (ақл надоред, ки шуморо аз ин кирдори зишт боздорад)!?". (Сураи Бақара, 44).
Пас, ҷавонони мусалмонро воҷиб аст, ки сараввал ба ислоҳи худ аҳаммият диҳанд, пеш аз ислоҳ кардани дигарон. Ва агар чунин карданд, ва аввал худашон пойбанди фармудаҳои Худованд бошанду ҳамчунин баъдан дигаронро даъват намоянд, дар ин ҳол ҳақиқатан бар равиши Салафи Солеҳ ҳастанд ва илму даъвати эшон судманд хоҳад буд.
Дар ин сурат даъватгарон ба сӯйи Суннат мебошанд, бо гуфторашон ва рафторашон. Ва савганд ба Аллоҳ, ки ин волотарин мартаба ҳаст. Ва ҳар касеро ки Худованд ба чунин ҳол тавфиқ диҳад, аз беҳтарин бандагон дар рӯзи Қиёмат хоҳад буд:
( ﻭَﻣَﻦْ ﺃَﺣْﺴَﻦُ ﻗَﻮْﻻً ﻣِّﻤَّﻦ ﺩَﻋَﺎ ﺇِﻟَﻰ ﺍﻟﻠَّﻪِ ﻭَﻋَﻤِﻞَ ﺻَﺎﻟِﺤﺎً ﻭَﻗَﺎﻝَ ﺇِﻧَّﻨِﻲ ﻣِﻦَ ﺍﻟْﻤُﺴْﻠِﻤِﻴﻦَ ).
"Гуфтори кист, беҳтар аз гуфтори он касе ки мардумро ба сӯйи Аллоҳ фаро мехонад, ва корҳои шоиста мекунад, ва эълом медорад, ки ман аз ҷумлаи мусалмонон ҳастам!". (Сураи Фуссилат, 33).
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев