Чист аввалин махлукот?
Аввалин махлукот аз башар Одам алайхи салом аст ва аз чизхо Калам аст. Чуноне, ки ХУДОВАНДИ мутаъол хабар медихад; "Чун гуфт парвардигори ту фариштагонро, ки хароина ман офарандаам башарро аз гил" (сураи Сод-71) Инчунин паёмбар салалохи алайхи васаллам фармудаанд; " Шумо хамаги писари Одам (алайхи салом) хастед ва Одам аз хок офарида шуда" (ривояти Баззор) Ва инчунин дар хадиси дигар фармуданнд; "Хароина аввалин чизе, ки ХУДОВАНД паёдо кард, К,алам аст, яъне баъд аз Арш ва Об" Ва аммо хадиси "Эй Чобир , аввалин чизе, ки ХУДОВАНД биёфарид нури паёмбар аст" - Ин хадиси бофта ва дуруг аст дар шаъни паёмбар салалохи алайхи васаллам ва мухолифи Куръону сунна ва акл мебошад. Аллома Суюти мегуяд, ки ин бофта аст. Имом Гумори мегуянд, ки ин хадис бофта аст. Шайх Албони гуфтаанд" Хадиси ботил аст".
Аъроф 54.Парвардигоришумо Аллоҳ аст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз офарид. Пас бар Арш муставӣ шуд.Рӯзро шаб ба мепӯшонад ва шаб шитобон онро металабад(инчунин рӯз ҳам шабро мепӯшонад ва шитобон онро металабад). Ва офтобу моҳ ва ситорагон мусаххарифармони ӯ ҳастанд. Огоҳ бошед, ки ӯрост офаринишу фармонравоӣ. Худо, он Парвардигори ҷаҳониён, бағоят бузург аст!
Сураи Бакара 255 Сураи Анъом 18 Сураи Мулк 16 Сураи Фотир 10 Сураи сачда 5 Сураи маорич 4 сураи то хо 5 сураи алхокка 17 сураи тавба 129 Сураи юнус 3 Сураи муъминун 116 Сураи Зухруф 82 Сураи сод 34
ﺍﻟﻠَّﻪُ ﻟَﺎ ﺇِﻟَٰﻪَ ﺇِﻟَّﺎ ﻫُﻮَ ﺍﻟْﺤَﻲُّ ﺍﻟْﻘَﻴُّﻮﻡُ ۚ ﻟَﺎ ﺗَﺄْﺧُﺬُﻩُ ﺳِﻨَﺔٌ ﻭَﻟَﺎ ﻧَﻮْﻡٌ ۚ ﻟَّﻪُ ﻣَﺎ ﻓِﻲ ﺍﻟﺴَّﻤَﺎﻭَﺍﺕِ ﻭَﻣَﺎ ﻓِﻲ ﺍﻟْﺄَﺭْﺽِ ۗ ﻣَﻦ ﺫَﺍ ﺍﻟَّﺬِﻱ ﻳَﺸْﻔَﻊُ ﻋِﻨﺪَﻩُ ﺇِﻟَّﺎ ﺑِﺈِﺫْﻧِﻪِ ۚ ﻳَﻌْﻠَﻢُ ﻣَﺎ ﺑَﻴْﻦَ ﺃَﻳْﺪِﻳﻬِﻢْ ﻭَﻣَﺎ ﺧَﻠْﻔَﻬُﻢْ ۖ ﻭَﻟَﺎ ﻳُﺤِﻴﻄُﻮﻥَ ﺑِﺸَﻲْﺀٍ ﻣِّﻦْ ﻋِﻠْﻤِﻪِ ﺇِﻟَّﺎ ﺑِﻤَﺎ ﺷَﺎﺀَ ۚ ﻭَﺳِﻊَ ﻛُﺮْﺳِﻴُّﻪُ ﺍﻟﺴَّﻤَﺎﻭَﺍﺕِ ﻭَﺍﻟْﺄَﺭْﺽَ ۖ ﻭَﻟَﺎ ﻳَﺌُﻮﺩُﻩُ ﺣِﻔْﻈُﻬُﻤَﺎ ۚ ﻭَﻫُﻮَ ﺍﻟْﻌَﻠِﻲُّ ﺍﻟْﻌَﻈِﻴﻢُ
Худо, ки ба ҷуз Вай ҳеҷ маъбуде нест, Зиндаи Поянда аст; Ӯро на пинаке мегирад ва на хоб; он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, аз они Ӯст. Кист он, ки наздики Ӯ – ҷуз ба ҳукми Ӯ – шафоат кунад? Он чиро медонад, ки пеши дасти онҳо аст ва он чиро, ки паси пушти онҳо аст; ва мардумон аз маълумоти Ҳақ чизеро, ба ҷуз он чи Вай хостааст, дар намегиранд; подшоҳии Ӯ осмонҳову заминро фаро гирифтааст; ва нигоҳбонии ин ҳар ду барои Ӯ гарон нест; ва Ӯ Баландмартабаи Бузургвор аст.
Сура Бақара аят 255
ﻭَﻫُﻮَ ﺍﻟْﻘَﺎﻫِﺮُ ﻓَﻮْﻕَ ﻋِﺒَﺎﺩِﻩِ ۚ ﻭَﻫُﻮَ ﺍﻟْﺤَﻜِﻴﻢُ ﺍﻟْﺨَﺒِﻴﺮُ
Ва Ӯ болои бандагони Худ Ғолиб аст. Ва Ӯ Донои Огоҳ аст.
Сура Анъам аят 18
ﺃَﺃَﻣِﻨﺘُﻢ ﻣَّﻦ ﻓِﻲ ﺍﻟﺴَّﻤَﺎﺀِ ﺃَﻥ ﻳَﺨْﺴِﻒَ ﺑِﻜُﻢُ ﺍﻟْﺄَﺭْﺽَ ﻓَﺈِﺫَﺍ ﻫِﻲَ ﺗَﻤُﻮﺭُ
Оё аз Он (Зот)-е эмин шудаед, ки дар осмон аст, аз он ки ногаҳон замин ҷунбиш кунад, пас, шуморо ба замин фурӯ барад?
Сура Мулк аят 16
ﻣَﻦ ﻛَﺎﻥَ ﻳُﺮِﻳﺪُ ﺍﻟْﻌِﺰَّﺓَ ﻓَﻠِﻠَّﻪِ ﺍﻟْﻌِﺰَّﺓُ ﺟَﻤِﻴﻌًﺎ ۚ ﺇِﻟَﻴْﻪِ ﻳَﺼْﻌَﺪُ ﺍﻟْﻜَﻠِﻢُ ﺍﻟﻄَّﻴِّﺐُ ﻭَﺍﻟْﻌَﻤَﻞُ ﺍﻟﺼَّﺎﻟِﺢُ ﻳَﺮْﻓَﻌُﻪُ ۚ ﻭَﺍﻟَّﺬِﻳﻦَ ﻳَﻤْﻜُﺮُﻭﻥَ ﺍﻟﺴَّﻴِّﺌَﺎﺕِ ﻟَﻬُﻢْ ﻋَﺬَﺍﺏٌ ﺷَﺪِﻳﺪٌ ۖ ﻭَﻣَﻜْﺮُ ﺃُﻭﻟَٰﺌِﻚَ ﻫُﻮَ ﻳَﺒُﻮﺭُ
Ҳар ки арҷмандӣ хоҳад, пас, ҳамаи арҷмандӣ якҷо аз они Худо аст; сухани покиза ва амали солеҳ ба сӯи Ӯ боло меравад, онро (Худо) баланд мегардонад. Ва барои онон, ки фитнаҳо меандешанд, азоби сахт аст ва бадандешии онҳо ҳамоно нобуд шавад.
Сура Фотир аят 10
ﻳُﺪَﺑِّﺮُ ﺍﻟْﺄَﻣْﺮَ ﻣِﻦَ ﺍﻟﺴَّﻤَﺎﺀِ ﺇِﻟَﻰ ﺍﻟْﺄَﺭْﺽِ ﺛُﻢَّ ﻳَﻌْﺮُﺝُ ﺇِﻟَﻴْﻪِ ﻓِﻲ ﻳَﻮْﻡٍ ﻛَﺎﻥَ ﻣِﻘْﺪَﺍﺭُﻩُ ﺃَﻟْﻒَ ﺳَﻨَﺔٍ ﻣِّﻤَّﺎ ﺗَﻌُﺪُّﻭﻥَ
Корро аз осмон ба сӯи замин (фуруд оварда) тадбир мекунад. Сипас он кор дар рӯзе, ки миқдори он аз он ҳисоб, ки мешуморед, [баробари] ҳазор сол аст, ба сӯи Худо боло меравад.
Сура Саҷда аят 5
ﺗَﻌْﺮُﺝُ ﺍﻟْﻤَﻠَﺎﺋِﻜَﺔُ ﻭَﺍﻟﺮُّﻭﺡُ ﺇِﻟَﻴْﻪِ ﻓِﻲ ﻳَﻮْﻡٍ ﻛَﺎﻥَ ﻣِﻘْﺪَﺍﺭُﻩُ ﺧَﻤْﺴِﻴﻦَ ﺃَﻟْﻒَ ﺳَﻨَﺔٍ
[Мартабаҳое, ки бо онҳо] фариштагон ва Рӯҳ(Яъне: Ҷабраил (а)) дар рӯзе, ки миқдори он панҷоҳ ҳазор сол аст,(Яъне: қиёмат) ба сӯи Худо боло мераванд.
Сура Маъориҷ аят 4
ﺍﻟﺮَّﺣْﻤَٰﻦُ ﻋَﻠَﻰ ﺍﻟْﻌَﺮْﺵِ ﺍﺳْﺘَﻮَﻯٰ
Вай бисёр Бахшояндаи бар Арш қарор гирифта аст.
Сура Тоҳо аят 5
ﻭَﺍﻟْﻤَﻠَﻚُ ﻋَﻠَﻰٰ ﺃَﺭْﺟَﺎﺋِﻬَﺎ ۚ ﻭَﻳَﺤْﻤِﻞُ ﻋَﺮْﺵَ ﺭَﺑِّﻚَ ﻓَﻮْﻗَﻬُﻢْ ﻳَﻮْﻣَﺌِﺬٍ ﺛَﻤَﺎﻧِﻴَﺔٌ
Ва фариштагон бар канорҳои осмон бошанд. Ва он рӯз ҳашт [фаришта] тахти Парвардигоратро болои хеш бардоранд.
Сура Ҳоққа аят 17
ﻓَﺈِﻥ ﺗَﻮَﻟَّﻮْﺍ ﻓَﻘُﻞْ ﺣَﺴْﺒِﻲَ ﺍﻟﻠَّﻪُ ﻟَﺎ ﺇِﻟَٰﻪَ ﺇِﻟَّﺎ ﻫُﻮَ ۖ ﻋَﻠَﻴْﻪِ ﺗَﻮَﻛَّﻠْﺖُ ۖ ﻭَﻫُﻮَ ﺭَﺏُّ ﺍﻟْﻌَﺮْﺵِ ﺍﻟْﻌَﻈِﻴﻢِ
Пас, агар бозгарданд,(Яъне: ба хонаҳои худ) бигӯ: «Худо маро бас аст, ба ҷуз Вай ҳеҷ маъбуде нест, бар Вай таваккул кардам; ва Ӯ Худованди Арши Бузург аст».
Сура Тавба аят 129
ﺇِﻥَّ ﺭَﺑَّﻜُﻢُ ﺍﻟﻠَّﻪُ ﺍﻟَّﺬِﻱ ﺧَﻠَﻖَ ﺍﻟﺴَّﻤَﺎﻭَﺍﺕِ ﻭَﺍﻟْﺄَﺭْﺽَ ﻓِﻲ ﺳِﺘَّﺔِ ﺃَﻳَّﺎﻡٍ ﺛُﻢَّ ﺍﺳْﺘَﻮَﻯٰ ﻋَﻠَﻰ ﺍﻟْﻌَﺮْﺵِ ۖ ﻳُﺪَﺑِّﺮُ ﺍﻟْﺄَﻣْﺮَ ۖ ﻣَﺎ ﻣِﻦ ﺷَﻔِﻴﻊٍ ﺇِﻟَّﺎ ﻣِﻦ ﺑَﻌْﺪِ ﺇِﺫْﻧِﻪِ ۚ ﺫَٰﻟِﻜُﻢُ ﺍﻟﻠَّﻪُ ﺭَﺑُّﻜُﻢْ ﻓَﺎﻋْﺒُﺪُﻭﻩُ ۚ ﺃَﻓَﻠَﺎ ﺗَﺬَﻛَّﺮُﻭﻥَ
Ҳамоно Парвардигори шумо Худое аст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз офарид, сипас бар Арш мустақар шуд; корро тадбир мекунад; ҳеҷ шафоаткунандае нест, магар баъди дастурии Вай. Ин аст Худо – Парвардигори шумо. Пас, Ӯро бипарастед. Оё панд намегиред?
Сура Юнус аят 3
ﻓَﺘَﻌَﺎﻟَﻰ ﺍﻟﻠَّﻪُ ﺍﻟْﻤَﻠِﻚُ ﺍﻟْﺤَﻖُّ ۖ ﻟَﺎ ﺇِﻟَٰﻪَ ﺇِﻟَّﺎ ﻫُﻮَ ﺭَﺏُّ ﺍﻟْﻌَﺮْﺵِ ﺍﻟْﻜَﺮِﻳﻢِ
Пас, Бартар аст Худо – Подшоҳи Барҳақ, ғайри Ӯ ҳеҷ маъбуде нест, Парвардигори Арши гиромиқадр аст.
Сура Муъминун аят 116
ﺳُﺒْﺤَﺎﻥَ ﺭَﺏِّ ﺍﻟﺴَّﻤَﺎﻭَﺍﺕِ ﻭَﺍﻟْﺄَﺭْﺽِ ﺭَﺏِّ ﺍﻟْﻌَﺮْﺵِ ﻋَﻤَّﺎ ﻳَﺼِﻔُﻮﻥَ
Пок аст Парвардигори осмонҳову замин, Худованди Арш, аз он чи баён мекунанд».
Сура Зухруф аят 82
ﻭَﻟَﻘَﺪْ ﻓَﺘَﻨَّﺎ ﺳُﻠَﻴْﻤَﺎﻥَ ﻭَﺃَﻟْﻘَﻴْﻨَﺎ ﻋَﻠَﻰٰ ﻛُﺮْﺳِﻴِّﻪِ ﺟَﺴَﺪًﺍ ﺛُﻢَّ ﺃَﻧَﺎﺏَ
Дар воқеъ, Мо Сулаймонро озмудем ва бар тахти ӯ ҷасадеро андохтем, сипас (ба Худо) руҷӯъ кард.
Сура Сод аят 34
Пеш аз Арш чи ?
Аллоҳ ба мо хабар надодааст ин чизро, ва аз Паёмбар низ чизе дар ин маврид сароҳатан ривоят нашудааст! Ва ончӣ, ки дар шариъат сароҳатан ворид аст ва имон ба он воҷиб мебошад, - ин имон ба истивои Аллоҳ бар арш ҳаст. Яъне имон овардан ба инки Аллоҳ бар АРШ ҳаст. Имон овардан ба улувви зот ва ҳамчунин улувви шаъну мартаба.
Аммо кайфият ва чигунагӣ ва дигар аз тафсилоти онро шариъат баён накардааст!
Барои ҳамин ҳам чӣ тавре ки Имом Молик мегӯяд: Истиво маълум аст (яъне шариъат онро баён кардааст) ва кайфият номаълум аст, ва имон ба он воҷиб ва ҳатмӣ ҳаст ва суол аз он (аз кайфият ва тафсилоти он) бидъат аст!
Суол кардан ва ҷустуҷӯй кардан аз кайфият ва тафсилоти он бидъат аст, зеро ки он аз умури ғайбӣ мебошад, ва ба қадри маъруфу маълуми он бояд кифоят кард ва имон овардаву таслим шуд.
Аммо ба хотири баён кардани масъала ин посухро медиҳем:
«Ва ҷавоби муҷмал:
Аллоҳ муҳтоҷи маконе нест, ки дар бораи Ӯ таъоло ин гуна суол карда шавад. Ва вуҷуди Аллоҳ таъоло қабл аз халқи ҳама чиз будааст!
Ва аммо ҷавоби муфассал:
Мо аҳли суннат Аллоҳро муҳтоҷи макон намедонем, ва аз ин хотир ҳоҷат ба чунин суол нест! Ва ин гуна суолро танҳо он касе медиҳад, ки ба Улувв ва Фавқияти Аллоҳ таъоло имон надорад.
Ва иллати чунин суол додан илзом ва пойбанд кардани аҳли суннат аст, ба ақидаи ботили хеш.
Ва аммо аҳли суннат, имон доранд ба ин ки Аллоҳ таъоло муставӣ бар Арш аст, ва бар Осмон аст, ва ин аршу осмон иборат аз маконе нест, ки Аллоҳро дар бар бигирад. Маъозаллоҳ!
Балки Аллоҳ азза ва ҷалла бузургтар аз ҳама чиз аст ва ҳеҷ чизе Ӯро иҳота намекунад. Ва ҳатто дар ин масъала низ ваҷҳе барои муқорана нест, зеро ки ақли башарӣ аз идроки зоти илоҳӣ қосир аст!
Бармегардем ба иллати он суол ва илзоми он:
Мегӯем, ки чунин суолгузорӣ лағву ъабас мебошад, ва ҳеҷ оқиле баъди фаҳми асли масъала ин гуна суолро матраҳ нахоҳад кард!
Зеро ки асли масъала ин аст, ки мо аҳли суннат ба Истивои Аллоҳ таъоло имон дорем, бидуни инки Аллоҳро муҳтоҷ ба аршу маконе бидонем!
Пас чӣ ҳоҷат аст, ба ин гуна суолсозӣ!». (Бо нақл аз анҷумани аҳли ҳадис).
Ва аммо суоли саҳеҳ ва дуруст дар ин боб, чунин аст:
Аллоҳ таъоло қабл аз офариниши осмонҳову замин (яъне умуман махлуқот) куҷо буд?
Чунин суолгузорӣ сароҳатан дар аҳодис ривоят шудааст ва Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ба он посух додааст!
Ва дар Саҳеҳи Бухорӣ, китоби Тавҳид, ҳадиси 7418 аз Имрон ибни Ҳусайн ривоят шудааст, ки ҷамъе аз аҳли Яман ба Паёмбар гуфтанд:
ﻙﺎﻨﺌﺟ ﻪﻘﻔﺘﻨﻟ ﻲﻓ ﻦﻳﺪﻟﺍ ﻚﻟﺄﺴﻨﻟﻭ ﻝﻭﺃ ﻦﻋ ﺍﺬﻫ ﺮﻣﻷﺍ ﺎﻣ ﻥﺎﻛ ،
ﻝﺎﻘﻓ ﻪﻠﻟﺍ ﻝﻮﺳﺭ ﻪﻠﻟﺍ ﻰﻠﺻ ﻪﻴﻠﻋ :ﻢﻠﺳﻭ ﻥﺎﻛ ﻪﻠﻟﺍ ﻢﻟﻭ ﻦﻜﻳ ﺀﻲﺷ ﻪﻠﺒﻗ ﻥﺎﻛﻭ ﻪﺷﺮﻋ ﻰﻠﻋ ﺀﺎﻤﻟﺍ ﻢﺛ ﻖﻠﺧ ﺕﺍﻮﻤﺴﻟﺍ ﺽﺭﻷﺍﻭ ﺐﺘﻛﻭ ﻲﻓ ﺮﻛﺬﻟﺍ ﻞﻛ ﺀﻲﺷ
«Ба наздат ба хотири фаҳму омӯхтани дин омадаем, ва то аз ту суол кунем, ки аввали ин амр (офариниш) чӣ будааст!».
Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) гуфт: «Аллоҳ буд, ва ҳеҷ чизе қабл аз Ӯ набуд, ва арши Ӯ бар об буд. Баъд осмонҳову замонро офарид ва дар ЗИКР (лавҳулмаҳфуз) ҳама чизро китобат кард».
Ва дар ҳадисе дигар сароҳатан омадааст (гарчанде дар сиҳҳат ва заъфи ин ривоят хилоф аст), ки Имом Аҳмад аз Лақит ибни Омири Ъуқайлӣ ривоят кардааст.
Ва чунин суол ҳам имкон дорад (чӣ тавре ки аллома Ибни Усаймин дар шарҳи Восития посух медиҳад):
«Агар бигӯем (чӣ тавре ки дар оят омадааст), ки Аллоҳ бар Арш муставӣ шуд (яъне баланд шуд), суоле пайдо мешавад: Аллоҳ осмонҳоро офарид, ва сипас ба Арш истиво кард, оё чунин мешавад, ки қабл аз ин Ӯ таъоло дар иртифоъ ва ъулувв (олӣ) набудааст?!
Ҷавоб: Чунин нест! Зеро ки истиво бар Арш махсус аст, аз ъулув ва олӣ б
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев