Предыдущая публикация
то ба кай,
Андар фазои синаам, ҷанги ҷудоӣ то ба кай.
Дар кӯи меҳрат, эй санам , дар сина армон
доштам,
Оташ задӣ армони дил, ин ғамфизоӣ то ба
кай.
Аз худ бикан дасти ҷафо, баргир домони
вафо,
Эй акси хуршеди само , ин бевафоӣ то ба кай.
Эй ишқ, шукри буди ту , фарёд аз нобудӣ ту,
Харгиз надидам суди ту , ин норизоӣ то ба
кай.
Бар сӯи Осим баҳри кин , чинро маёвар бар
ҷабин,
Эй ошнои аввалин , ноошноӣ то ба кай.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев