Предыдущая публикация
ХУДО ГАР ПАРДА БАРДОРАД
Худо гар парда бардорад зи рўи кори одамҳо,
Чӣ шодиҳо хўрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво.
Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ,
Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке аз дил кунад ғавғо.
Чӣ козибҳо шавад содиқ, чӣ содиқҳо шавад козиб.
Чӣ обидҳо шавад фосиқ, чӣ фосиқҳо шавад мулло.
Чӣ зиштиҳо шавад рангин, чӣ талхиҳо шавад ширин,
Чӣ болоҳо равад пойин, чӣ сифлиҳо шавад улё.
Аҷаб сабре Худо дорад, ки парда барнамедорад,
Вагарна бар замин афтад зи ҷайби мўҳтасиб мино.
Розиқи Фоний.
تهریر ساز سفرعلی یوسوپاو... ۲۹ ِ۷ ِ ۲۰۲۴ سال ...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев