Қисми якум
Ҳамаги инқадар медонанду тасдиқ мекунанд, ки ҳар касе, ки дар ин олам ба дунё меояд саранҷом рузе хоҳад мурд. Аммо ҳеҷ касе шахсан намедонад ва наметавонад бидонад, ки баъд аз марг чи рух хоҳад дод ва чи итифоқе хоҳад афтод.Танҳо Аллоҳ Ҷалла ҷалолуҳу бар он доност ва Ӯ Пайғамбарони худро аз онҳо огоҳ месозад ва тавассути Пайғамбарон аст ки касоне чун мо мардуми омми низ аз он корҳо хабар меёбем.
Ҳар як аз Пайғамбарони Худо дар вақту замони худ, қавм ва уммати худро муфассалан хабардор сохта буд, ки баъд аз марг аз чи манозиле хоҳанд гузашт ва ҷазо ё сазои аъмоли дунёӣ хешро дар ҳар манзил чигуна хоҳанд ёфт. Ва Пайғамбари Худо Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи вассаллам чун ки охирин наби ва Расули Худованд аст бинобарин тамоми манозили баъд аз маргро ба тафсир ва ташриҳ бисёр баён фармудаанд, ки агар ҳама якҷо гирд оварда шавад китоби пур ҳаҷм хоҳад гашт.
Хулосаи ин мавзуъ ИншоАллоҳ дар навиштаҳои оянда хоҳанд омад
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев