Тибқи маълумоти фаврии КВД «Ангишти тоҷик», корхонаҳои кишвар тайи моҳи январ истеҳсоли ангиштро ба 59835,2 тонна расонданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25505 тонна ё 1,74 баробар зиёд аст. Захираи ангишт дар анборҳои корхонаҳо қариб 180 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Тавре аз КВД «Ангишти тоҷик» ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, тайи моҳи январ корхонаҳои «Талко – ресурс» 18116, «Фон – Яғноб» 15 623, департаменти истихроҷи ангишти «Комбинати металлургии тоҷик» беш аз 11800 тонна ва «Ангишт» 4 ҳазор тонна маҳсулот истихроҷ намудаанд. Корхонаи «Кони ангишти Зиддӣ» соли равон аз фаъолияти мавсимӣ ба доимӣ гузашт. Дар моҳи аввал дар ин корхона қариб 10220 тонна сӯзишвории барои саноати кишвар ва аҳолӣ зарурӣ истихроҷ гардид. Ёдрас месозем, ки соли гузашта корхонаҳои саноатии мамлакат истихроҷи ангиштро ба дараҷаи рекордӣ 1361575,4 тонна расонданд, ки назар ба соли пешӣ 319 ҳазор тонна (30%) зиёд аст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев