Боре зане ба назди фарзандон
медарояд ва мебинад, ки ҳамаи онҳо ба
дарсҳояшон омодаги мебинанд. Танҳо як
кӯдаки хурдсол, ки алҳол ба мактаб
намерафт, машғули бози буд. Модар ба ӯ
албомеро пешниҳод карду гуфт: -Ту бояд ба
ин албом расмкашикуни ва набояд ба
бародаронат халал расони. Баъдан модар ба
назди падарарусаш, ки дар як кунҷи боғ
ҳуҷрае дошт, рафт, то ба ӯ таом ҳозир созад.
Баъди чанд лаҳза бозгашт ва чашмаш ба
сурате, ки кӯдаки хурдсол кашида буд, афтид
ва дид, ки тифлак сурати хонаашонро
кашидааст. У бо забони кӯдакона ба модар
моҳияти тасвири худро чунин шарҳ медиҳад:
Ин хонае, ки кашидам, Хонаи ояндаи ман аст.
Дар инҷо ҳамроҳи ҳамсарам зиндаги
мекунам. Дар он ҳуҷраҳо фарзандонам умр ба
сар хоҳанд бурд. Дар кунҷи варақ хоначаи
хурде қарор дошт. Модар пурсид: - Ин хонача
аз они ки аст? Кудак гуфт: -Ин хонаи шумо
хоҳад шуд. Ҳамон гунае,ки имруз бобоям аз
мо дур, дар як кунҷи боғи умр ба сар
мебаранд, шумо низ вақти ба пири расидан,
ҳамин гуна сохиби ҳуҷра мешавед ва аз мо
дуртар зиндаги мекунед. Модар баъди
шунидани суханони фарзанди хурдсолаш хеле
мутаассир гардид ва зуд ба сӯйи падарарусаш
давид. Уро аз он хона гирифта, ба бехтарин
меҳмонхонаашон ворид кард. Бегоҳи чун
шавхараш аз кор омад, падарашро дар
меҳмонхона дид, ки ба тамошои оинаи
чаҳоннамо машгул аст ва дар болои
кимматтарин катҳо нишастааст. У аз ин холат
ба хайрат омад ва аз ҳамсараш пурсид: Чи
ҳодиса рух додааст, ки имрӯз холати ачиберо
мушоҳида мекунам? Он гоҳ хамсар айни
воқеаро ба шавҳар нақл кард. Шавҳар гирён
шуд ва гуфт: Шукри Худо, ки ҳоло ҳам барвақт
аз ғафлати худ огоҳ шудем. Ҳамин гуна ин ду
азиз зуд аз хатои худ тавба карданд. Вале на
ҳама аз ин гуна ҳодисаҳо дарси ибрат
мегиранд...... ҲАЙФО, КИ БА ҚАДРИ ПАДАРУ
МОДАР ДАР ЗИНДАГИ НАМЕРАСЕМ. ХАЙФ, КИ
АЗ ДУОИ ОНҲО МАҲРУМ ГАРДИДАЕМ.
НААНДЕШИДАЕМ, КИ ДУОИ ПАДАРУ МОДАР
ДАР ҲАҚҚИ ФАРЗАНД МАКБУЛ АСТ. МОДОМЕ,
КИ ҚАДРИ ОНХОРО НАМЕДОНЕМ, МОДОМЕ
КИ ДАР ЗИНДАГИ ОНҲОРО ЭҲТИРОМ
НАМЕКУНЕМ, БАЪДИ МАРГИ ЭШОН ГИРЯ ЧИ
ЛОЗИМ АСТ? ОН РУЗ АФСУСУ НАДОМАТ ЧИ
ФОИДА ДОРАД? Хонандаи азизу гироми дар
охирсуханам аз шумо эҳтиромона хоҳиш
менамоям, ки падару модаратонро эҳтиром
намоед. Ин қиссаро як бори дигар бар аҳли
хонадонатон,наздиконатон ва дустонатон
баланд баланд қироат намоед. Имруз дар
чомеа бисере аз падарон ва бисере аз
модарон шикоят аз фарзандонашон мекунанд.
Ҳоло ҳам дер нашудааст, тавба кунед ба
назди падару модар рафта узрхоҳи кунед,
онҳо нисбати фарзандонашон раҳмдил
ҳастанд, иншоаллоҳ аз хатогию гуноҳи шумо
мегузаранд.
🌹🌸🌹
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев