КАНЪОНИ ГАМГИН
(Хадяе камарзиш баройи хама мухочирони Ватанам)
Ман хануз хам намедонам,
Ки оё ин сахро баройи сипардан ва гузаштан меарзад?..
Оё меарзад ин хама дардхои ошноро рахо кард
Ва дил ба шодихое бегона супурд?
Ман хануз хам намедонам,
Ки оё аз он катрахои хун
Ки аз пойи он рахсипорони сарманзили Ёр
Бар рох мерезанд,
Ва ба ИШК шаходат медиханд
Дар ин хоки мурда
Лолае сар хохад кашид?!
Ва оё з-он лолахои хуншор,
Ки аз синахои гамгини он шахидон
меруянд ва дар пирохани онон мешугуфанд,
То шаходат диханд , ки ИШК шахид гашт дар ин дашт,
Метавон дунёро мутаасиф кард?
Ман хануз хам намедонам
Ва боварам нест,
Ки метавон оё дунёро мутаассиф кард,
аз он, ки ИШК
Шахид гашт дар ин дашт?!
Ман хануз хам намедонам,
Ки оё дар анчоми ин рафтанхойе берахнамо
Сарзамини Мавъуде хаст?!
Ва оё метавон умматро
Аз ишки Гови Тиллойи пархез дод
Ва ба дасти хам ин уммат кушта нагардид?!
… Шеъри ман имруз аз сахрохои рухони нест,
аз Биёбон нест,
Шеъри ман имруз аз хори мугелон нест,
Сухани ман имруз
Аз Тарикат нест, аз Мухаббат нест, аз Шариат нест,
Сухани ман имруз
Достон нест, афсона нест, хакикат нест,
Сухани ман имруз
Бисёр сода аст -
Сухани ман имруз аз хурдан,
аз ошомидан,
аз хуфтан,
аз гуфтан,
Аз гуфтан, аз гуфтан, аз гуфтан, аз гуфтан, аз гуфтан
Гуфтан аз минбар, аз минбар, аз минбар, аз минбархост,
Гуфтан аз минбархоест, ки дар пойи он минбархо
Бачахое гурусна, ки номро аз нон намешиносанд,
Чи содикона, содикона, содикона
Харфхои туро бовар мекунанд,
Ва карсак мезананд бар хар як дуруги ту!
Ва дар тугёни хаячон мегуянд:
«Ном бизанад агар ман….!»
Ва мераванд
То худро шахид кунанд
Дар шаходати дуругхои ту пеши Худованд…
Сухан аз танхойии саргардони Хохархост
Дар суроги додархойе, ки сурога надоранд.
Сухан аз ангуштхои ларзони Модархост,
Ки баройи баччахои мусофири худ токи медузанд,
Ва дар номахои худ ба онон токивор супориш мекунанд,
Баройи мачлиси чанозаи худ.
Сухан аз танхоии пуринтизори Падархост,
Ки Юсуфхояшон дигар бар ин Канъони гамгин
Барнамегарданд.
Ва гар хам бармегарданд,
Дар тобутхои филизи бо номи мармузи «Бори Дувист»…
Сухан аз афзудан, афзудан, афзудани баррахои гумрох,
Дар шабхои торик дар кошархои сархуй,
Дар чарогоххои бе Чупон аст-
Сухан аз зойишхои бидуни омор,
Сухан аз муришхои бидуни омор,
Сухан аз Будане бидуни омор аст,
Чун сафхае уфтода аз таквими Торих!
Сухан, эй ёр, аз ман аст,
Аз рафтану гум шудани он манест, ки дигар ман нест,
Дар тирагихои бунбасти ИШК…
Сухани ман имруз
Аз гаризахои оддии Инсон аст,
Инсоне – шукухманд –
Олитарин Чониб
Дар Чаноби Парвардигор
Ва сухан аз Шумост
Чаноби Оли
Халифаи Парвардгор!
Ки аз Бихишт ба гунохи Хурдан мардуд гашта
Ва хануз хам
Барои Хурдан зинда аст!..
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев