Нақл аст, ки вақте муждарасон ба ҳазрати Яъқуб (а) аз Юсуфи солҳо гумгашта бо як ҳаяҷони том хабар овард, Яъқуб (а) пурсиданд, Юсуф чӣ ҳол дорад?
Он мард гуфт, Ҳазрат! Юсуф (а) дар беҳтарин ҳолат аст, беҳтарин шароитҳо барояш муҳайё аст ва ҳатто болотар аз ин, азизи Миср шудааст.
Ҳазрати Яъқуб (а) гуфт, ман аз ту дар бораи шоҳигарии Юсуф напурсидаам, балки дар бораи диндорӣ ва имону тақвои Ӯ пурсидам. Оё ҳанӯз дар ҳамон эътиқоди аҷдодаш собиту устувор ҳаст ё хайр?!
Акнун ба воқеияти имрӯза мегузарем.
Вақте наздиконатон ба шумо аз ин ё он гӯшаҳои ғарибӣ ва муҳоҷират тамос мегиранд, аввалин пурсиши шумо чист?!
Оё дар аввалин калимаҳои тамос бо фарзандатон пурсон мешавед, ки ҳолати диндориаш дар кадом сатҳ қарор дорад?!
Оё медонед, ки муҳоҷират дар кишварҳои ғайри исломӣ ва муҳити носолим бисёр хатарнок ва гоҳо бими аз даст додани гавҳари имону тақвост?!
Агар фарзанди шумо бо маблағи зиёд ба хона барнагардад, боке нест, агарчи дуруст аст, ки зиндагӣ ба душворӣ мегузарад, аммо агар вай бо дину эътиқоди ботил ё умуман бидуни имону эътиқод ва бидуни тақвову шиносномаи имонӣ баргардад, пас, ана ин воқеан зиёни дорайн-дунёву охират аст.
Лизо, аз барои Худо, ба имону тақвои фарзандони муҳоҷиратон диққат диҳед ва доим аз онҳо пурсон шавед. Медонам, душвор аст, аз назаратон дуранд, аммо бо ин вуҷуд набояд имону тақвои онҳо аз ёдамон фаромӯш шавад!!!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев