Кисми - 3
Яъне у чизу чораи хонаро дуздида ба хонаи падараш мебурда бошад. -Кадом чизи хонаро дуздидам, Назокат? -Ман аз кучо медонам? -Чи худатро ба нодони мезани, маро дар тамоми кишлок дузд эълон кардаи-ку!! -Ту дар хакикат дузд хасти, аммо ман ба касе инро нагуфтаам. Худи мардум кур нестанд ва мебинанд, ки ту бахти маро дуздидаи.. -Ман инро дар назар надорам чизу чораи хонаро медуздад гуфтаи. -Гуфти-ку ман худам бо гушхоям шунидам,- гуфта ба гап хамрох шуд кампири хушдоманам. -Ту кампири худозадаи беимон боз тухмат хам мекуни. Бахти маро сиёх кардиву чи диди? Ин занаки сабукпо як зарра хурмати туро ба чо намеорад. Дар пешаш хоки рах барин кадр надориву боз ба ман мечаспи ноинсоф. Ту хамин беваи аз сад мард мондаро оварда ба писари касофати даюсат додиву димокат чок аст.Худо инсофи туро гирифтааст, ки моро чанг андохта тамошо мекуни? Чони туро кай мегирифта бошад, ки хамаамон халос шавем,- гуфтам косаи сабрам лабрез гашта. Дар хамин вакти чангу чидол шавхарам аз дар медарояду хамаи суханхои маро мешунавад. Палончам низ омадани Собирро надида ба муи сари ман чанг зад ва чи дашноми кабехе, ки дар
олам буд, ба забон меовард. Ногох дасти пуркуввате, ки дастони Собир буд, моро аз хам чудо кард. -Холо шумо муйдарозони камакл модари ширдордаи маро чунин тахкир мекунед? Ман ба як тори муйи у садтои шумо барин занро намегирам. -Писарам, ахволи ман хар руз хамин, инхо маро рузе зинда ба зинда дар гур мемонанд. Хардуяш аз якдигараш бадтаранд. Инсоф надоранд. -Кампири ноинсоф, худатро уволак нагир, ту хам анои нести- бо ситеза гуфт палончам. Зеро дилаш пур буд, ки Собир хамаи эркагихои уро мебахшад. Аммо кор баръакси фикри у сурат гирифт. -Ман боз метавонам дах зани дигар ёбам. Аммо модарамро дигар харгиз наметавонам пайдо кунам. Дафъ шавед аз ин хона, хардуямонро баробар се талок кардам,- гуфта хардуямонро аз дарвозаи хавли берун кард. Аз кафои ман тифлаконам гирёну хайрон ба берун баромаданд. Собир баромада фарзандонамро ба хавли даъват кард. Аммо як духтару писари калониам дар ин хонадони пургавго истодан нахоста маро хамрохи намуданд. Касе ки аз ин вокеаи мудхиш хурсанду шодон буд, ин кампири худобехабари хушдоманам буд. Дар кучахои кишлок афтону хезон ва гирёну нолон кадам мезадему диккати бинандагони хангомачуйро ба худ чалб карда будем. Нихоят як мошини сабукрав, ки ронандааш чураи бародарам будааст, ба холи мо рахмаш омада то кишлоки падарам расонд. Дар рох хамин кадар афсус мехурд, ки чаро кисмат маро гирифтори ин оилаи касофатбор кардааст. Ба хонаи падар расидаму хушу хаёлам ба он ду нафар фарзандонам банд буд. Намедонистам, ки
холи онхо чи мешуда бошад. Дилам аз хушдоманам пур набуд. Собир баъди чанд вакти дигар боз аз як дехаи дигар духтари сабукпоеро ба зани гирифт. Рузхову моххо мегузаштанд. Ман имкони дидори фарзандонамро надоштамнадоштам. Зеро Собир ба ин ичозат намедод. Аз дуру наздик мефахмидам, ки он зан духтараки маро сахт азоб медодааст. Намедонистам чи кор кунам. Боре писарамро дар куча дида пурсидам, ки чи хол доретон. — Ман аз он зан наметарсам, аммо Гулнозаи бечораро мисли гулом истифода мебараду нони
сери намедихад очаи угай,- гуфта гиряро сар дод писарам. -Ту кучоро нигох мекуни, ки вай уро азоб медихад? -Мо хар руз бо он зан чанг мешавем, аммо додом тарафашро мегиранд. Дар сари Гулнозаи бечора хар руз мезанаду мегуяд, ки ин духтар девонаавзоъ аст. Ман гуфтам, ки аз дасти лату куби туро ин девона шудагист. Худаш аз аввал хамин хел буд-ку гуфта ба сари ман дод мезанад. Бибем уро тарафдори карда мегуяд, ки ха, ин очааш барин девонафеъл аст. -Писаракам, чи кадар ки тавонихохаракатро эхтиёт кун, ман ба умеди ту хастам. Илоче надорам, ки хар чори шуморо ба хонаи падарам биёрам. Бе хамин хам худамон се нафарему базур гунчида истодаем. -Майлаш очачон шумо хавотир нашавед, ман Гулнозаро химоят мекунам. Бо хамин сухбати ману писарам хотима ёфту дидани духтаракам боре хам муяссарам нагашт. Рузе хабарчии дехаамон хабар расонд, ки дар хонаи Собир чаноза асту духтарчааш фавтидааст. Дунёи ман торик гардид. Зеро донистам, ки он Гулнози ман аст. Палончи навам ду писар дошт. Ба сардии хаво нанигариста тани як курта ва пои бе пайпок чи тавр ба хонаи Собир расида омаданамро нафахмида мондам. Авзои маро дида, хуш аз сари хушдоманаму палончам парид. Онхо дар ин лахза дидани маро умедвор набуданд. Мехостанд харчи зудтар маро аз дар зада пеш кунанд кунанд. Ман аз кучое кувваю неруи нав пайдо карда аз дасти онхо халос шудаму худро ба назди часади духтарчаам, Гулнозаи армониам гирифтам. Уро дар як холати ногуфтани пайдо намудам. У лунда шуда шах гардида буд. Дасту пойхояш аз хунуки шах шуда монда буданд. Харчанд молиш додам рост намешуданд. — Собир, Гулноза хам фарзандат буд. Наход, ки ту котили духтари худат шави. Фикр намекардам, ки ба чунин кор кодир хасти. Гунохи ин кудаки бечора чи буд? Чаро нагузошти, ки онхо бо ман раванд? Акнун ба чунин руз расонди ноодам! – Тухмат мезани, у худаш бемор буд…– гулингхои мекард Собиру ба хамсари наваш менигарист. –Шумо инро дар хонаи хунук нигох дошта зуран куштаед, ноинсофхо гуфта ба Собир дод задам,- ту ноинсофи худобехабар чавобашро медихи! -Ту девона шудаи, ба гапи одами девона ки бовар мекунад? -Ман девона будани ту ва ё уро акнун исбот мекунам,- гуфтани касе аз таги дар баромаду ба дилам кувват пайдо шуд. Ин овози бародари калониам, ки раиси шахрак буд, ба гуш расид. Бародарам низ аз дуру наздик азобхои духтари маро шунида будааст. Ба у писарам хабар додааст, ки Гулнозаро чанд руз дар хонаи хунуке кулф карда монда буданду аз у пинхон медоштаанд. Ба писарам гуфтаанд, ки у ба пеши
модарат рафтааст. Аммо он пагохии барвакт, ки мурдаи шахшудаи Гулнозаро Собир меёбад сухбати уву занашро писарам мешунавад, ки аз тарс мегуфтанд. -Имшаб фаромуш кардем, ки ин касофатро ба хона орем. Шах шуда мурдааст. Акнун чи кор мекунем? -Мегуем, ки касал буд, фавтид. Ки моро пурсида шиштааст,- мегуяд хамсари ноинсофаш. -Охир пойхои уро рост карда мешуда бошад? -Ха мешавад, оби гарм кати рост мекунем, шумо натарсед мардак, ман илочашро меёбам. Дар олам ягон коре нест, ки илоч надошта бошад. Як кудаки беакл кам шуд-да. Барои хамин хам гам мехурем ману шумо. Хохед чанд духтари дигар бароятон таваллуд карда медихам. – Ха, агар Худочон дихад…. Писарам ин сухбатро шунида номаълум аз хона берун мешавад ва рост ба назди тагои раисаш, ки дар шахраки назди кишлок мезист, мераваду хамаи гапхои шунидаашро мерасонад. Бародарам бо мошинаш аввал ба шахр рафта, духтури ташхисгари судиву тиббиро мегираду баъд рост ба хонаи Собир меояд. Дар кафои бародарам духтурро дида Собир хангу манг гардид ва намедонист чи гуяду чи чавоб дихад. Ташхис муайян намуд, ки Гулноза аз хунуки шах шуда мурдааст. Собир худаш бо зану ду писарчааш дар хонаи гарм мехобидаасту бо амри хамсари нави чавонаш Гулнозаро девона ва зиёнаш ба кудакони ман мегузарад гуфта дар хонаи хунук нигох медоштааст. Онхо харду зану шавхар гунахгор дониста шуда ба чавобгари кашида шуданд. Хушдомани худобехабарам ба бемории саратони майнаи сар гирифтор гардида оламро падруд гуфт. Ман писари хурдиамро низ бо худ гирифтам. Чамоати дехот бароям як порча замин чудо намуду бо кумакибародаронам ду кулбаи факирона рост намудем. Холо бо фарзандонам, ки калониаш аллакай дастёр гаштааст, зиндагии факирона вале бегурбат дорем. Ду нафар фарзандони ноболиги Собир сарсону дар ба даранд ва холи зоре доранд. Гарчи онхо тифлони бегуноханд, аммо бори гунохи волидони гумрохи худро мекашанд. Зиндаги чунин аст ба касе чабр куни дер ё зуд чазояшро мебини.
(Анчоми кисса)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев