Кисми - 2
Суханхои талкиномези хушдоманам беасар намонданд. Донистам, ки ин зани аблах хеч гох дар фикри ободиву тинчии зиндагии писараш набуда, барои бахти духтараш ману тифлаконамро бадбахт месозад. Ба Собир харчанд фахмонам хам фоидае надошт. У хам узви хамин деха буда ин чо дузанаги ба хукми муд даромада буд. Як чавонмард ба садама дучор гардида фавтиду баъди гузаштани чили у дар сари он чавонзани бевамондааш, ки фарзанд надошт, байни мардони пулмасти ин деха талошхо ба амал омад. Собир, ки нисбати хамаи он мардон чавонтар (хатто аз он бевазан низ) буд, тавонист уро ба никохи худ дароварда ба боло ман ба хонаамон орад. Дигар аз он Собири мехрубону тарафгир ному нишоне намонда буд. Зеро хамаи рафторхои хуби у аз нодорамию киссаи холиаш будааст. Ман бо чашми худ мехрубонихои шавхарам ва ахли хонаводаашро нисбати он чавонзани бевамонда дида дар оташи рашку алам дарун- дарун месухтам ва аз беиродагии худ наметавонистам коре бикунам. Мурдани орзухои хешро бо ду чаши сарам дида, руз аз руз хазон мегардидам. Дили духтару писаронам ба холам реш-реш мегардиду бинобар хурдсолиашон сухане намеёфтанд, ки тасаллиям диханд. Онхо аллакай чор нафар буданд. Хамрохи ман хомушона ашк мерехтанду илочи дардамро намеёфтанд. Мехостанд, ки аз он зан кассос гиранд ва ба корхои у хамеша халал мерасониданд. Сатили обашро чаппа мекарданд, ба деги хурокаш намаки бисёр мерехтанд, ба либосхои шуста пахнкардааш ифлосихоро мепошиданд. Бо ин корашон мехостанд уро даргазаб намуда, кассоси бахти маро гиранд. Аммо он зан хам он кадар нодон набудааст, ки барои хар кори онхо эрод гирифта худро дар назди Собир, ки фарзандонашро хеле зиёд дуст медошт, бад нишон дихад. Бахт чизи ширин будааст. Пештар вакте ки хушдоманам зан гир гуфта гурбатро мебардошт, дар дилам мегуфтам, ки бигзор хамин Собир зан гираду ман аз гавгои зиёди хушдоманам халос гардам. Аммо чун палончро дидам дунё дар назарам торик гашт. Палончам аз ман панч сол калон бошад хам ба синну сол хелечавонтару ботароват менамуд. Охир у боре таваллуд накардаву зиндагии серу пур ва ободе дошт. Бори сахти зиндагиро накашидаву захрхояшро начашида буд. Аввалхо уро чашми дидан надоштам. Зеро Собир баъди омадани у чандин мох боре чогахи маро зер накарда буд. Шабхо мичча тах нокарда мебаромадам. Чандин бор нимашаб ба
берун баромада пушти тирезаи хонаи хоби онхо мерафтаму садои нолиши паст-пасти хуморолудаи занро баръало мешунидам ва суханхои аз шавки зиёд мегуфтаи Собирро низ. -Ман акнун лаззати огуши занро хис кардам. Ин кадар солхои умрамро дар бистари зани бехис хазон карда будаам… -Ман хам чонакам, ман хам марди хакикиро бори аввал мебинам. -Ман туро болои дастонам бардошта мегардам чон! -Аммо аз тири нигохи занат метарсам. -Ман уро худи пагох дафъ мекунам, ба ман танхо ту боши бас,-мегуфт Собири хуморолуда. Садои нафаскашии тез-тезаш ба хаёлам тамоми хавлиро фаро гирифта буд. Шарфаи пои маро харгиз намешуниданд ду навхонадори ошик. Дилам мехост, ки дари хонаи хобашонро шикаста дарояму ба Собири номард гуям, ки охир чунин суханхоро ту ба ман низ хамеша мегуфти ва такрор мекарди, ки аз ман дида бехтараш нест. Мегуфти, ки чандин зану духтархоро дидаиву ягонтоаш ба мани зани халолу покизаат баробар намешавад. Акнун бошад имруз саркути марди дигареро ба осмони хафтум бароварда, аз ман боло мехисоби. Аммо чуръат накардам ва нахостам, ки хамаро аз хоби ноз бедор созам. Хушдоманам бедор шавад рузамро сиёх мегардонад. Бе ин хам хар руз гирди «арус» парвона гашта маро паст мезад. Ман бо вучуди хеле зиёд сухтану сохтанхоям тавре вонамуд мекардам, ки на ба палончам рашк мекунаму на
суханхои баркасдонаи хушдоманамро мешунавам. Бародаронам омада хохиш крданд, ки маро ба хонаи падарам мебаранд, аммо ман руи хотири чор фарзанди бехтар аз чонам рози нашудам. Зеро бе онхо зиндагиам маъно надошт ва дар руи хонаи бародарон онхо мисли хонаи падари худ озод наметавонистанд бошанд. Онхо хатто гуфтанд, ки ман метавонам Собирро ба суд дихам ва хамаи хукукхоямро химоят намоям. Аммо ман ба адолати суд хам бовар накардаму хомуш будам. Зеро медонистам, ки дасти одами пулдор дар хама чо болост. Азоби дузахро доштам, аммо токат мекардам. Палончам баъзан ба холи ман рахмаш меомад ва дар назди хушдоманам тарафгири низ менамуд. Ё худ бо ин рафтораш мехост назди фарзандонам худро мехрубон нишон дихад. Хушдоманамро бошад заррае писанд намекард. Ба хамаи корхояш эрод мегирифту аз сари нав он корро мекард. Агар хушдоманам маро паст задани шавад, мегуфт, ки: «У зани хуб будааст, ки бо шумо барин ноинсофхо муросо карда нишастааст. Ман харгиз намегузорам, ки касе дар ин хонадон ба иззати нафсам расад. Ман садхо харидор доштаму байни онхо Собир маро ба зури гирифт. Агар хозир аз хонаи шумо равам, садто марди ин деха дар пеши поям мемурад». Хушдоманам аз ин суханхо чонаш ба лаб ояд хам хомуш буд ва фурсати муносиберо мепоид.
Ман бошам ба холаш дарун- дарун механдидаму сазои сари ту чалочинкампир мегуфтам. Хамаи азобхои ба ман додаашро кампир акнун мекашиду лаб фуру баста буд. Ман боз чор мохи дигар токат карда нишастам. Вале Собир хамоно аз ман дури мечуст ва боре кушиш намекард, ки дасти навозишашро суям дароз намояд. Мунтазири он руз будам, ки рузе хушдоманам игво меандозаду палончамро Собир чавоб медихад. Аммо кор тамоман ранги дигар гирифт. Яъне он тавре ки хеч кас умедвор набуд, сурат гирифт. Рузе хушдоманам маро бо палончам чанг андохта худ тамошобин гардид. Ба у хабар кашидааст, ки гуё ман палончамро ба тамоми деха дузд эълон карда бошам.
Давом дорад...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев