Кисми - 1
Бемории роххои нафас азобам медоду карор додам, ки дар беморхона муддате бистари гашта табобат гирам. Дар утоки бемористон зане хамрохи ман аз дехаи дурдасте мехобид. Нигоххои андешаманду чашмони пургамаш аз рузгори пуразоби гузаштае дарак медоданд. Аммо аз он рузгорон ёдовар шудан намехост. Ман ба у зиндагии худу кисмати талх доштанамро накл намудам. У наклхои маро шунида хандиду гуфт, ки рузгори аз ин талхтареро аз сар гузаронидааст ва ман набояд худро бадбахт хисоб кунам.Баъди хатми мактаби миёна аруси хонадони миёнахоле аз кишлоки хамсоя гардидам. Зиндагии якчояи ману Собир дар як кулбаи факиронаву оилаи камбагал ва пургавго огоз гардид. Зеро дар ин хонадон байни аъзоёни оила якдигарфахми набуд. Гапи писар бо модару гапи модар бо писар рост намеомад. Аввалхо хайрон мешудам. Зеро дар хонадони мо фарзандон падару модарро хеле зиёд хурмату эхтиром менамуданду гапи волидон бароямон конун буд. Кушиш мекардем, ки бо онхо хатто бо овози баланд сухан нагуем. Хамаи мо панч фарзандро волидонамон нармсухану боандеша тарбият намуда буданд. Дар оилаи шавхарам хама мехост, сухани у аз хама болотар бошад. Шавхарам чавони мехрубоне буд. То хадди имкон мехрубониашро бароям дарег намедошт ва ин ягона сабабе буд, ки маро ба ин зиндагии дилгиркунандаи оилаашон дилгарм менамуд. Дертар аз хамсояхо фахмам ба оилаи шавхарам дар ин кишлок хеч кас духтар намедодааст, аз чумла ба шавхарам низ. Аз ин ру мани бечораву ноогахро падарам гофил монда аз кишлоки дигар ба ин деха ба шавхар додаанд. Асосан апаи Собир, ки келини хамсояи мо буд, ба ин издивоч сабабгор шуд. Рузхои аввал гурбату чангчолхои ин хонадон ба ман таалук надоштанд. Онхо байни хам бемуросо буданд. Аммо рафта- рафта ман хам мавриди тахкиру озорашон карор мегирифтаги шудам. Зиндагиамон миёнахолона ва бо азобе мегузашт.
Хар руз таънаву маломати хусуру хушдоманам барои камбудии рузгор ва нарасидани маблаг бар сари ману шавхарам мерехт. Шавхарам дар сохтмон кор карда, гарчи маоши хеле ночиз мегирифт, аммо нисбати ман хеч гох дагалиро раво намедид. Хатто тасаллиям медод, ки токат кунам, хамааш хуб мешавад. Гарчи хеле чавон ва дар зиндаги тачрибаи кофи надоштам, аммо инсони батокат будам ва хеч гох ба тахкирхои хушдоманам чавоб намегардонидам. У ин рафтори маро нишонаи хурмату эхтиром нисбаташ неву тарсу харос пиндошта, бештару бештар озорам медод. Бародару хохарони шавхарам низ модарашонро тарафгири намуда, ба холам механдиданду масхараам менамуданд.
Ман аз ин зиндагии вазнин руз аз руз логарбадан мегаштам ва хуснам низ коста мегардид. Хушдоманам хар замон ба писараш таъкид менамуд, ки ман арзандаи Собир нестам ва у метавонад зани дигари нозанин гирад. -Собири нодоне, меисти бо хамин пусту устухонумратро хазон намуда?-мегуфт доим хушдоманам. -Ин дар вакташ соз буд. Аз дасти гурбату озорхои ту у ба ин хол гирифтор шуд, ноинсофи бас будагист, оча! – нихоят рузе токати Собир ток гардида чунин чавоб гардонду дар бало монд. -Холо ту аз пушти ин нокироя шуда маро таъна мезани? Афти хунукаш дар гур, у туро хуб хондааст. -Оча ба вай начасп, у гунох надорад, ман худам кур нестам, ки рафтори туро нисбати у набинам. Чунин сухбатхо байни модару писар хамеша такрор мегардид ва Собир кушиш мекард, ки маро аз хучуми модараш химоят созад. Аммо хамаи кушишхои у бехуда буданд. Чун у аз дар берун мешуд, борони гурбат ба сари ману се тифлакам мерехт. Нихоят рузе бахт ба руи мо низ хандид. Собир
аз зиндагии вазнину якранг дилбазан гашта
кори сохтмонро партофту ба тичорат машгул
гардид. Зиндагиамон ба кулли тагир ёфт. Акнун
нони сериву бегурбат мехурем гуем, боз
хушдомани чохилам Собирро ба зангири ташвик мекард. Хайронии ман меафзуд, ки
барои кадом гунохам ин зан маро ин кадар бад
медида бошад. Барояш боре харфи носазое
нагуфта будам. Хеч гох либоси танаш
ношуставу хурокаш нопухта намонда буд. Дертар огох гардидам, ки домоди у, ки дар хамсоягии мо мезист, як хеши дури моро зани дуюм карда гирифта будааст ва хушдоманам оби чашми духтарашро дида касоси бахти уро аз ман мегирифтааст. Хайрон мешудам, ки чаро ман бояд чазои ким-кадом хешдухтарамро кашам. Дар кишлоки мо дузанаги асосан расм набуд ва марди хамсояи мо низ решааш аз хамин кишлоки касофат, ки аксари мардонаш дузанаю сезанаанд, буд.
Давом дорад...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев