Марде дар ҷангалҳои Африқо қадам мезад, ки ногаҳон садои ваҳшатнокеро шунид. Дар аввал мард ба садо аҳамият надод. Чун дид, ки садо ба ӯ наздиктар мешавад, пушти сараш нигоҳ кард, ногаҳон шереро дар ҳолати давидан ба тарафи ӯ пайдо кард. Шер аз гуруснагӣ чунон ба тарафаш медавид, ки мард аз тарсу ларз худро гум кард ва намедонист чи кор кунад. Мард ғайр аз гурехтан дигар чорае надошт. Мард медавид, то ҷое ки намедонист, ки ӯ ба куҷо медавад ва дар ин ҷангал ҷои муносиберо ҳам барои худ пайдо карда натавонист. Ногаҳон чоҳи чуқуре пешаш баромад, мард дид, ки болои он чоҳ банде ҳаст, мард худро болои банд партофт ва худро овезон кард. Шер, ки даруни чоҳ омада натавонист аз боло бо садои худ ӯро фарёд мезад ва аз нарасидан ба мақсадаш афсус мехӯрд. Чун шер ноумед шуд, бозгашт ва садои дилхароши ӯ низ камтар шуд. Вале шер каме дуртар аз чоҳ баромадани сайдашро интизор буд. Мард нафаси тозае кашид ва фаҳмид, ки шер ноумед шуда ва мумкин баъди лаҳзаҳо аз ин ҷо меравад. Вақте мард ба поёни чоҳ нигарист, чашмаш ба аждаҳое афтод, ки мехоҳад ӯро дар бикашад. Мардро боз тарсу ларз бештар фаро гирифт ва мехост тезтар худро аз чоҳ берун кунад. Аммо баромаданаш ҳам айни замон бамаврид набуд, зеро то кунун шер пайи берун омадани сайди худ мебошад. Аждаҳо бошад аз поён мехоҳад ҳар чи зудтар туъмаи ба дастомадаро дар бикашад. Мард дар фикри халос шудан аз шеру аждаҳо буд, ки дид ду муш яке сафеду дигаре сиёҳ аз поини чоҳ ба тавассути банде, ки мард дар он худро овезон карда боло меоянд ва ҳамзамон бандро бо дандонҳои худ мехӯранду мекананд. Мард ҳайрон шуд ва бо худ мегуфт, ки Худоё тарсу ларз аз дасти аждаҳову шер як тараф, боз ин мушҳо дарди сар шуданд. Марди бечора боз ҳам дар изтироб афтод ва ҳайрон буд, ки чигуна аз ин балоҳо халос ёбад. Мард ҳарчанд бандро такон медод, то муши сиёҳу сафед поин афтанд, аммо ҳеҷ суде накард. Ҳангоми такон додани банд, бадани инсон ба нармие, ки бари чоҳ буд бархӯрд. Дар аввал мард аз он нармӣ тарсид, хуб ки нигоҳ кард фаҳмид ки он ҷо асал будааст. Чун ба хӯрдани асал шурӯъ кард, дигар мушҳову аждаҳо ва шерро фаромӯш кард. Мард баъди чанд лаҳзае яку якбора аз хобаш бедор шуд, бисёр хоби нороҳаткунанда. Мард ҳайрон буд, ки ин чи хоб бошад ва тасмим гирифт, ки таъбири онро аз назди олиме пурсон шавад. Мард назди олиме рафт ва хобашро ба ӯ нақл кард. Олим ба ӯ гуфт, ки хобат тафсири соддае дорад? Шере, ки пайи ту мегашт Малакулмавт (Азроил) буд Чоҳе, ки дар он аждаҳо буд ҳамон қабр аст Банде, ки ба он овезон будӣ ҳамон умрат аст Муши сафеду сиёҳ, ки танобро мехӯрданд ҳамон шабу рӯз ҳастанд, ки умри туро мегиранд. Асал ин ҳамон дунёст, ки аз лаззати он маргу ҳисобу китобро фаромӯш кардаӣ Худоё мо аз фитнаҳои дунё ба ту паноҳ мебарем ва аз Ту ҳусни хотимаро талаб дорем...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев