Рузе подшохе аз вазиронаш пурсид, ки вазири доно кучо шуда аст? Гуфтанд ки аз кор даст кашида ба ибодати Худо машгул шудааст . Подшох назди вазир рафта пурсид ки аз ман чи хатое дидед ки корро рахо кардед ? Вазир посух дод ки ба панч сабаб ! Авал инки ту нишаста будиву ман дар хузурат истода будам, акнун бандаги Худоро мекунам, ки дар намоз дастур ба нишастан мекунад. Дувум онки ту хурок мехурдиву ман нигох мекардам , холо розик пайдо кардам ки намехурад манро мехуронад. Савум онки ту хоб мекардию ман посбони , акнун Худованд чунон аст ки намехобад ва манро хифз мекунад. Чахорум онки метарсидам ки агар ту бимири манро аз душманон осебе бирасад, акнун Худованди ман чунин аст ки харгиз нахохад мурд ва манро аз душманон хам осебе нахохад расид. Панчум онки метарсидам агар гунохе аз ман сар бизанад ту афв накуни, холо Худои ман чунин аст ки хар руз сад гунох мекунам у Рахиму мехрубон аст мебахшад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев