Ҳокими Шоҳдара Азизхон яке аз нахустин зодагони Помир буд, ки барои хизматҳои шоёнаш замони ҳукумати Руссияи подшоҳӣ бо орденҳои «Станислави Муқаддас» дараҷаи сеюм, (соли 1901), ордени «Аннаи Муқаддас» , (соли 1910) ва медали «300 – солагии хонаводаи Романовҳо» (соли 1913) сарфароз гардонда шуда буд. Бо барқарор гаштани Ҳокимияти Шӯравӣ ва бахусус нобасомониҳои солҳои 37 – уми асри гузашта, тӯҳмату таъқибҳои бешумор нисбати ӯ ва аҳли хонаводааш ва ниҳоят аз Ватани аҷдодӣ бадарға намудани Азизхон, ки тамоми умр дар хизмати халқи шарифаш камар баста буд, боиси он гашт, ки ин инсони накӯкирдор дар яке аз маҳбасхонаҳои шаҳри Орлов ин ҷаҳонро падруд гуфт.
Китоб як навъ ҷавобест ба асари бадеии Павел Лукнитский «Нисо», ки аз ҳақиқати таърихӣ басо дур буда, ақидаҳои бофтаву хаёлӣ ва баъзан таҳқиромезеро нисбати Азизхон ва ҳаёти мардуми Бадахшон ба қалам дода, ҳатто Нисоро, ки дар асл келинаш буд, зани ҳокими Шоҳдара эълон намудааст. Лаҳзаҳои тасвири зиндагии якҷояи одамону чорпоён, алаф ба ҷойи озуқа, номҳое чун Устухони моҳӣ ва занҳои мӯпарешону дигар бофтаҳои муаллиф, ки ба табиату мардуми Бадахшон ҳеҷ алоқамандие надоранд, ҳамагӣ шоҳиди онанд, ки китоб бояд бо супориши НКВД – и давру ашхоси алоҳида дар Ҳукумати онвақта, ки баробари дигар мазҳабҳо мазҳаби исмоилияи шиаро сахт таъқиб менамуданд, ба чоп омода шуда бошад.
Китоби «Азизхон» вазъи сиёсии Осиёи Миёнаро дар авохири асри ХIХ ва вазъи иҷтимоиву иқтисодии Помирро дар арафаи ҳамроҳ шудан ба Руссия мухтасаран шарҳ дода, инчунин аз чандин қиссаҳои алоҳида, ба мисли «Зиндонӣ кардани Азизхон», «Оё Нисо зани Азизхон буд?», «Дил дар рикоби кин», «Қиссаҳои акои Ғуломиддин ва дигарон», «Азизхон афюнкашҳоро аз Ватан фирор кард» ва ғайраҳо иборат аст. Он тӯҳфаи беҳтаринест ба таърихнигорон ва онҳое, ки меҳри маданияту табиат ва мардуми Бадахшонзамин дар дилашон лона гузоштааст
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев