Максимальный репост!!!!!!!
Бойназаров Аскаралӣ. Соли таваллудаш 23.02.1981 Зодаи ноҳияи Фархор. Мактабро то синфи 9 хонда аст.
Бойназаров Аскаралӣ тахминан солҳои 2009 - 2010 дар бозори Султони Кабири Душанбе муддати як моҳ ҳаммолӣ (грузчик) карда аст. Ба боварии савдогарон даромада, аз чанд тан савдогари ин бозор ба маблағҳои 1000, 2000 доллари америкоӣ бо баҳонаи шурӯъи тиҷорат масолеҳи сохтмонӣ гирифта, ғайб зада аст.
Моҳи декабри соли 2014 Бойназаров Аскаралӣ аз тариқи шабакаи одноклассники бо Диля Тилякова ном зан шинос мешавад ва ин шиносоӣ дар охирҳои моҳи январи соли 2015 бо никоҳ меанҷомад.
Тибқи нишондоди Диля Тилякова Бойназаров Аскаралӣ дар ҳеҷ куҷо кор намекард ва рӯзи дароз дар хона менишаст. Диля Тилякова Бойназаров Аскаралиро мехӯронду мепӯшонд. Бойназаров Аскаралӣ гоҳ-гоҳе бо баҳонае аз хона берун мебаромад. Бо Диля Тилякова Бойназаров Аскаралӣ муддати 6 моҳ зиндагӣ карда, пас аз дуздидани маблағи 90 000 рубли русӣ аз ҷевони Диля Тилякова, ғайб мезанад.
Тибқи нишондоди Диля Тилякова Аскаралӣ аз зани бародари Диля Тилякова маблағи 1000 доллари амрикоиро бо баҳонаи бардурӯғ, ки ин маблағ ба Диля Тилякова лозим аст, аз худ карда аст. Ин хонавода ба Бойназаров Аскаралӣ ба хотири ин, ки ӯ шавҳари аъзои хонавода буд, бовар мекарданд.
Бойназаров Аскаралӣ ҳангоми зиндагии муштарак бо Диля Тилякова аз ҳисоби ин зан мехӯрда асту мепӯшида аст. Пули хонаи иҷораеро, ки Бойназаров Аскаралӣ дар он ҳамроҳи ин зан дар Федератсияи Русия зиндагӣ мекарда аст, Диля Тилякова, пардохт мекарда аст.
Бойназаров Аскаралӣ дуздӣ ва фиреби пул дар ҳаҷми умумии 2000 долларро дар назди Диля Тилякова чунин сафед мекунад, ки дар Душанбе тиҷорати маводи хуроквориро ба роҳ монданӣ ҳаст, ба фикри обод кардани зиндагии муштарак ҳаст ва он пулҳоро бар мегардонад. Бойназаров Аскаралӣ вақте мебинад, ки Диля Тилякова ба дурӯғҳои ӯ бовар карда истода аст, фурсатро ғанимат шумурда, ба ӯ мегӯяд, ки барои ҳуҷҷатгузорӣ ва ифтитоҳи мағозаи хӯроквории мазкур дар Душанбе фавран ба 1000 доллари дигар зарурат дорад. Диля Тилякова бо умеди ин, ки шавҳараш ба ҳарфи худ амал мекунад, тилловории худро гарав монда, аз бонки Авранги Хуҷанд 1000 доллари дигар қарз гирифта, ба Бойназаров Аскаралӣ бо умеди ин, ки шавҳараш тиҷорати худро ба роҳ монда, ӯро аз шармсорӣ дар назди бародару зани бародараш мебарорад, маблағи аз банк гирифтаро ба Аскаралӣ таслим менамояд. Диля Тилякова намедонист, ки Аскаралӣ қаллобу ҳанноти маъмулист ва никоҳ барои ин қаллоб васила барои ба боварии занҳо даромадан аст ва ӯ ба дунболи зиндагии обод бо ин ё зани дигар нест.
Ҳамчунин ҳангоми зиндагӣ бо хонум Тилякова Аскаралӣ бо баҳонаҳои гуногун борҳо аз хонум Тилякова маблағҳои пулӣ меситонд ва ба хонаводаи худ ба Душанбе мефиристод. Ба унвони мисол, як бор Бойназаров маблағи 10 000 рубли русии Тиляковаро бо баҳонаи муолиҷаи номодариаш аз Диля Тилякова, ки дар никоҳи Аскаралӣ буд, гирифта, ба хона фиристод. Бойназаров Аскаралӣ дар хонаи иҷорае, ки пулашро Тилякова медод, мезист, аз ҳисоби хонум Тилякова барои худ сару либос мехарид, аз ҳисоби Тилякова мезист ва бар замми ин бо баҳонаи ин, ки даромади Тилякова даромади муштараки хонавода аст, аз маоши Тилякова саҳмеро бо баҳонаи кӯмак ба хонавода меситонд. Тилякова зани номуроде, ки бо 3 фарзанд танҳо монда буд, ба вуҷуди сояи мард дар зиндагиаш умед баста, ба истифодакориву тайёрхурии Аскаралӣ чашм мепӯшад. Боре Аскаралӣ аз Тилякова хоҳиш кард, ки якчанд ҳуҷҷатҳоеро ба дасти як шахси ба Тилякова номаълум расонад. Тилякова пеш аз ризоият, лифофаро мекушояд ва мебинад, ки дар он дуто шаҳодатномаи таваллуд ва як шиноснома ҳаст. Баъд аз итминон ҳосил кардан, ки дохили лифофа ҳуҷҷат аст, Тилякова онро ба шахси мавриди назар мерасонад.
Муддате баъд пас аз ғайб задани Аскаралӣ як гурӯҳ ҷабрдида ба суроғи Тилякова омада, ӯро таҳдид мекунанд. Маълум мешавад, ки Бойназаров Аскаралӣ як гурӯҳ муҳоҷирро бо ваъдаи таҳияи ҳуҷҷатҳо ба миқдори калони пул фиреб карда аст. Бойназаров Аскаралӣ маълум шуд, ки дар Федератсияи Русия ба қаллобӣ ва таҳияи ғайриқонунии ҳуҷҷатҳо машғул буда аст ва ӯро дар кофтукови федералӣ ҷой доданд.
Баъд аз фирори Аскаралӣ, аз он ҷо, ки хонум Тилякова ҳуҷҷатҳои қалбакиеро, ки Аскаралӣ барои дигарон таҳия карда буд, надониста, ба шахси нишондодаи Аскарали расонд, маҷбур шуд, тибқи қарори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия микдори 120 хазор рубли русиро ба нафъи ҷабрдидагон ҷуброн кунад. Дар маҷмӯъ тибқи иттилои мо Бойназаров Аскаралӣ миқдори беш аз 10 ҳазор доллари амрикоии муҳочиронро гирифта, ғайб зада аст.
Тибқи нишондоди шоҳидон, яке аз хоҳарони Бойназаров Аскаралӣ дар Теҳрон зиндагӣ мекунад ва аз эҳтимол дур нест, ки ҳоло Бойназаров Аскаралӣ ба хотири ин, ки ҷабрдидаҳо дар Русия ва Тоҷикистон дар пайи Бойназарови қаллоб ҳастанд ва ҷустуҷӯяш мекунанд, дар кишвари Эрон пинҳон шуда бошад. Мутобиқ бо нишондоди шоҳидон Бойназаров бо хоҳари худ дар Эрон рафту омад дошта аст.
Солҳои 2017 - 2018 Бойназаров Аскаралӣ дар Тоҷикистон бо номи Шӯҳрат Беков амал мекард.
Мутобиқи иттилооти мо Бойназаров Аскаралӣ айни ҳол занони танҳоро мавриди ҳадафи қаллобиҳои худ қарор дода аст.
Ӯ дар интернет фаъолият мекунад. Дар Одноклассники, дар ВКонтакте ва Фейсбук фаъол аст. Ҳадафаш занҳои танҳо. Нияташ ба боварии занҳое, ки моликият ё як миқдор пул доранд, даромада, бо роҳи фиреб онҳоро ба никоҳи худ даровардан ва пас аз соҳиб шудан ба моликияти онҳо, аз назар нопадид шудан. Худро бо номҳои гуногун муаррифӣ мекунад. Яке аз чунин номҳои ба мо маълум Шӯҳрат Беков.
Бойназаров Аскаралӣ худро ба қурбониҳояш ба унвони тоҷиру шахси сарватманд муаррифӣ мекунад. Барои мақсадҳои худ ҳар бор хонаи муҷаҳҳазеро дар Душанбе иҷора карда, то хотимаи нақшаи навбатии қаллобӣ, онро ба унвони суроғаи худ ба қурбонии навбатӣ нишон медиҳад. Вақте ки нақшаи қаллобӣ бо муваффақият ба анҷом расид, Аскаралӣ нопадид мешавад. Қурбониҳо на суроғаи воқеии ӯро доранд, на номи воқеиашро ва аз тарси маломатшунавӣ ҷуръат намекунанд ба касе оиди фиреб хурданашон шикоят кунанд.
Бо қурбониҳои худ бо баҳонаи корҳои муҳими тиҷорӣ ва берун аз Душанбе қарор доштан кам во мехӯрад. Шумораҳое, ки ба қурбониҳо медиҳад, пайваста дастнорасанд. Гум мешавад, пайдо мешавад. Ҳар боре, ки Аскаралӣ гӯё аз сафари корӣ бар мегардад, қурбонии худро ба тарабхонаҳои гаронқиммат бурда, саховатмандӣ нишон медиҳад. Дар тӯли якчанд моҳ пайваста аз тариқи паём бо ин занҳо дар иртибот аст, се - чор маротиба мулоқот карда, аз ин харҷҳо мекунад, ба чашми қурбонӣ хок мепошад ва сипас бо баҳонаи дар вазъияти бӯҳронӣ қарор доштани тиҷораташ ин занҳоро бо ваъдаи ҷуброни ду баробар ба фурӯхтани амволи худ во медорад. Аскаралӣ дар нақшаҳои қаллобии худ то ин ҷо пеш меравад, ки ба қурбониҳо пешниҳоди издивоҷ ҳам медиҳад ва онҳоро ба никоҳи худ медарорад. Ин боис мешавад, ки қурбонӣ ба холис будани нияти Аскаралӣ бовар кунад. Баъд аз ба маблағи калони пулӣ соҳиб шудан, пулҳоро гирифта, ғайб мезанад.
Аскаралӣ зане ҳам дорад, ки аз худаш 10 сол калонтар аст. Хонаи ин занро низ Аскаралӣ бо роҳи фиреб фурӯхта, 22 ҳазор доллари аз ин зан бадастомадаро обу лой карда аст. Ман бо ин зан муошират кардам. Тибқи иттилооти ин зан Аскаралӣ то ҳол маблағи пулии ӯро бар нагардонда аст ва аз ин зан пинҳон шуда мегардад. Дар фейсбук гурӯҳи 533 - нафара низ таҳти унвони "Пайроҳаи Зиндаги - Дорого к Счастью ба Аскаралӣ ва- Дар ин гурӯҳ бештар матолиби динӣ мегузоранд ва Аскаралии саводи кофӣ надошта, худро бештар чун шахси диндор ва ахлоқӣ муаррифӣ мекунад. Ин гурӯҳ фаьол аст.
Аскаралӣ ҳеҷ гоҳ аксу иттилооти шахсии худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ намегузорад. Ҳисобҳои корбарии (аккаунт) Самир Беков, Муамар Мусулманин, Vo Imya Lyubvi, Аль Фарабӣ ва ғайраҳо ба ин қаллоб мутааллиқанд. Баъд аз пурсуҷӯйи чандин қурбонии ин қаллоб, ки розӣ ба додани иттилоот бо шарти махфӣ мондан шуданд, маълум шуд, ки Аскаралӣ ин занҳоро бо баҳонаи издивоҷ ба робитаи ҷинсӣ во медошта аст, ба қавле пешакӣ забонкӯтаҳашон мекарда аст, аз ин рӯ баъд аз фиреб хӯрдан, аксари ин занҳо бобати гирифторӣ ба найранги ин қаллоб ба ҳеҷ мақоме муроҷиат намекардаанд.
Аскаралӣ 40-сола аст ва аксаран ба занҳои бевамонда, танҳо, ноумед ва аз худ калонтар мароқ зоҳир мекунад. Худро ба унвони шахси безан ва бефарзанд вонамуд карда, аз барпосозии хонавоодаи солим ва фарзанддор шудан сӯҳбат мекунад. Эҳтиёт бошед. Дар фейсбук чунин ашхос кам нестанд. Ва мо як-як онҳоро бо санад ба шумо муаррифӣ хоҳем кард. Фиреби найранги чунин ниқобпушонро нахуред, Хонумон. Мардоне, ки аксаран ба занҳои ношинос дар паёми хусусӣ менависанд, маъмулан дар фейсбук ба дунболи қонеъ кардани нафси ҳайвонианд ё мисли Аскаралӣ нияти қаллобӣ доранд. Аз фейсбук ва дигар шабакаҳо ба унвони пойгоҳи иттилорасонӣ истифода кунед. Нагузоред, ки эҳсоси танҳоӣ шуморо туъмаи найранг ва нафси нобакоре созад.
Дар зер навореро мегузорам, ки дар он қаллобиеро, ки Бойназаров Аскаралӣ дар Федератсияи Россия анҷом дода аст ва ӯро мутобиқи он дар кофтукови федералӣ қарор дода буданд, ба унвони санад ба ин матолиб замима мекунам. Хулоса бишносед ва эҳтиёт бошед!
Ссылкаи видео: https://www.ozodi.org/a/27603143.html Ссылкаи гуруҳ: https://www.facebook.com/groups/1947216305580909/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев