Предыдущая публикация
Дилам як дуст мехоҳад, ки хеле меҳрубон бошад” Ва ҳар чи дар дилаш дорад, ҳамонаш дар забон бошад. Сухан аз сидқ кам гуяд, валекин дар амал содиқ, Ҳамон бошад ба пеши ман, ки дар ҷисми худ он бошад. Нагуяд “ҷони ман ҳасти”, вале дар ҷодаи ёри Тани афсурдам манро тавону руҳу ҷон бошад. Дилам як дуст мехоҳад, ки якру бошаду яксу Дар уфқи ноумедиҳо чу овои азон бошад. Вуҷудаш болу пар бошад ва меъроҷе диҳад ҷонро Мани зиндонии “ман”ро шабеҳи нардбон бошад. Зи ёрони шаробию кабоби хаста шуд, хаста, Дилам як дуст мехоҳад, ки дур аз ину он бошад. Дилам як дуст мехоҳад, мехоҳад, вале донад Чунин дусте, ки мехоҳад, вуҷудаш дар гумон бошад
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев