Дубора замзамасоз омадам, салом, азизам.
Бубахш бемаҳалии ғуруби ғунчаи сурхам,
Ки субҳ, вақти намоз омадам, салом, азизам.
Барои Каъбарави нимараҳ, барои дили ту
Чу армуғони Ҳиҷоз омадам, салом, азизам.
Ман асли мӯъҷиза будам, ки чашми ғайр даромад,
Кунун зи роҳи маҷоз омадам, салом, азизам.
Нигоҳи ман зи нигоҳи касе саломрасон аст,
Ба чашми чашмгудоз омадам, салом, азизам.
Чӣ гуна ноз фурӯшам, ки зери кафши замонам,
Бале, ба мотами ноз омадам, салом, азизам.
Агар, ки пардаи ҷонат ба ларзиш омада бошад,
Чу Зӯҳра парданавоз омадам, салом, азизам.
Бараҳна гаштаму дилро зи сина ҳай кардам,
Ба фош кардани роз омадам, салом, азизам.
Агар ба чашми ту зиштам, ба ҷои ҳусн пазир,
На чун бутони Тироз омадам, салом, азизам.
Ало набудаву норафтаву наомадаи ман,
Салом, сӯи ту боз омадам, салом, азизам....
Нигина Амонқулова
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев