Предыдущая публикация
Бе ту, эй дӯст чунонам ки, чунонам, ки нагӯ,
Шуда ҳамқисмати тақвими хазонам, ки нагӯ.
Умр агар фалсафаи омадану рафтани мост,
То куҷо меравад ин рӯҳу равонам, ки нагӯ.
Дили бахшандаи ман қиссаи ширин дорад,
Шарҳи ин қисса дигар сӯхт забонам, ки нагӯ.
Ман туро, ишқи туро ёди туро хоҳаму бас,
Бе туву ишқи туву ёди ту онам, ки нагӯ.
Кош умеди маро муждаи дидори ту буд,
Гарму ширину гуворову равонам, ки нагӯ.
"Эй ғамат они ману шодият они дигарон,"
Ғаму шодии ту шуд матлаи ҷонам, ки нагӯ.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев