Предыдущая публикация
Канори беғубори чун баҳори ту
Каноре,ки оғушаш пур аз
руъёву армон аст
Каноре, ки чаҳонаш аз ҳавасҳо
гулфишон аст
Ту бо ман мон,хандон мон то
ҷовидон мон
Ҷавон мону ҷавон мону ҷавон
мон
Туро то ҳар нафас бинам
Туро дар ҷоми булурини
нигоҳи хеш саршори ҳавас
бинам
Туро дар соғари лабрези
армони дилам саршор
мехоҳам
Туро ҳар соату ҳар лахзаву ҳар
бор мехоҳам
Туро бисёр, туро бисёр туро,
бисёр мехоҳам
Ту бо ман бош,ҳар дам
бош,амон аз қасди душман
бош!
Ту бо ман бош! Ту бо ман бош!
Ту бо ман бошу манро ба ман
ошно кун
Маро аз дасти ман як дам раҳо
кун
Маро бо ғӯса куш бо бӯса эҳё
кун
Ки мирам дар канори ту
Канори беғубори пурбаҳори ту
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев