Предыдущая публикация
(дар суҳбат бо Абусайиди азиз.)
Шараф моле зи даргоҳи Худо аст
Заминӣ нест аз боло ато аст.
Шараф пирўзие бар деви нафс аст,
Ки он подоши марди порсо аст.
Шараф дорӣ, азизи хонадонӣ
Ҳамин аст фитрати Маво чу хонӣ.
Фидо дар Карбало бинмуд ҷонро,
Ки то бошад барои мо нишонӣ.
Касе, ки аз барои молу ҳоле,
Вуҷуди хештанро мефўрушад.
Талоши ў ҳама бар чанги бод аст
Агар монанди дарёе хурўшад.
Шараф буд, к-одамиро кард Одам,
Барад Қорунро то ҳадди Ҳотам.
Агар одам надонад қадри худро,
Аз ў бадтар куҷост махлуқи олам?
Сардор Раҳдоров
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев