Абӯсаиди ШОҲХУМОР , номзади илми фалсафа.
Тибқи космология ва фалсафаи ориён, тамоми табиати нопайдоканор дар маҷмӯъ хонаи Худо аст ва инсон ҳаргиз ҳақ надорад, ки барои ӯ аз сангу чӯб ва гил хонаи дигаре бисозад ва Худоро дар он мунҳасир намояд. Ин принсипи муҳими эрониёнро ҳанӯз Ҳеродот таъкид намуда, навишта буд, ки порсиҳо (эрониҳо) барои Худо хонаи алоҳида немесозанд, балки тамоми оламро хонаи Худо меҳисобанд.
Мардуми ориёии Помир хонаи маскунии худро (чид) тавре сохтааст, ки он инъикоси пурраи хонаи Худо - яъне табиат аст ва он, аз як сӯ, таҷассуми космология ё фалсафаи ориёӣ ва аз сӯи дигар, баёнгари аҳкоми мазҳабии мусулмонони шиаи исмоилӣ аст. Дар ин хонаи муқаддас инсон аз оғоз то анҷоми умраш ҳамеша ва пайваста дар муроқибаву нигаҳбонӣ ва ҳидояту ҳимояти Яздони пок хоҳад буд.
Мувофиқи космологияи ориёӣ, пайдоиш ва танзими ҳаёт дар табиат ба фаъолияти панҷ фариштаи муқаддас, ки дастёрони Яздони поканд, марбут аст. Пайдоиш ва зиндагии инсон ҳам аз ҷанин дар батни модар то дами охирин дар ҷаҳони моддӣ ва баъди пайвастани равони мардумӣ ба ҷаҳони минувӣ низ ба онҳо комилан вобаста аст. Аз ҳамин сабаб аст, ки фариштагони ҷовидон ва нигаҳбон ба шакли панҷ сутун (ситан) дар ҳар як хонаи ориёнии помирӣ аз дувуним ҳазор сол пеш то имрӯз мавҷуданд. Он панҷ фаришта, ки ҳар яке муваккили бахше аз умури Худо дар замин маҳсуб мешуданд, инҳоанд: 1) Суруш. 2) Меҳр. 3) Ардависра-Ардбон. 4) Замёд (Зимад). 5) Озар.
Баъдан дар давраи ислом ин панҷ фариштаи ориёнӣ ба Панҷ Тани Пок тағйири ном карданд, ки иборатанд аз: 1) Муҳаммад, 2) Алӣ, 3) Фотима, 4) Ҳасан, 5) Ҳусейн.
Инак, ҳар кадоме аз ҷузъҳои архитектурии чидро шарҳ медиҳем. Пеш аз ҳама бояд қайд кард, ки тамоми қисмҳои таркибии хонаро ба чаҳор даста ҷудо кардан мумкин аст:
I. Ду вус – ду тирчӯби асосӣ, ки ҳама ҷ\бҳои боқимонда ба онҳо вобастаанд, дар аҳди ислом ба ду мабдаи рӯҳонӣ- Ақли Кулл ва Нафси Кулл табдил дода шуданд.
II. Унсури дуввум ва асосии архитектураи чид панҷ сутун аст, ки сақфи хона ба онҳо устувор мегардад. Ин сутунҳо таҷассуми Панҷ Тани Пок: Муҳаммад, Алӣ, Фотима, Ҳасан ва Ҳусайн гардиданд.
1. Хъаситан-Шаҳсутун, рамзи Муҳаммад.
Он дар маркази хона қарор дорад ва чун сутуни асосии хона ба номи Муҳаммад маҳсуб гардидааст. Зеро Муҳаммад дар дини ислом наздиктарин бандаи Худо, расонандаи амри илоҳӣ ба мардум, раҳнамои миллати ислом дар олам ва довари рӯзи қиёмат аст. Муҳаммад пояи асосии дини ислом ва шаҳсутуни ҳар хонадони помирӣ аст.
Дар назди шаҳсутун маросими бори нахуст ба гаҳвора даровардани кӯдаки навзод анҷом дода мешавад. Вақте кӯдак ба балоғат мерасад, дар назди ҳамин сутун дар рӯзи тӯй ҷомаи домодӣ ба бар карда, минбаъд кадхудо номида мешавад.
2 .Вогъзнех-ситан, рамзи Мавлоно Алӣ.
Ин сутун дар аҳли ориён рамзи фариштаи дӯстдорию муҳаббат ва аҳду паймон, яъне Меҳр буд. Дар давраи ислом рамзи Имом Алӣ-писари амак ва домоди Муҳаммад гардид ва ӯ низ таҷассуми дӯстдориву садоқат ба Пайғамбари ислом ва аҳли хонаводаи Муҳаммад аст.
Алӣ чун волотарин инсон ва содиқтарин касе ба Пайғамбари ислом, ҳамчун нигаҳбони хонадони Пайғамбар ва ҳифзкунандаи дини ӯ дар байни мардуми Помир муҳаббату эҳтиром дорад.
3. Кицор-ситан, рамзи Бибӣ Фотимаи Заҳро.
Дар Помир арӯс ҳангоми иҷрои маросими никоҳ ва сур дар назди ҳамин сутун ороиш дода мешавад ва ҷой мегирад. Ин сутун ифодакунандаи рамзи покдомании зан дар ислом-духтари Пайғамбар Муҳаммад ва зани Имоми Алӣ, яъне Бибӣ Фотимаи Заҳро – модари имомон Ҳасан ва Ҳусайн гардид, ки вай рамзи иффату покизагӣ ва нигаҳбони хонадон ҳисобида мешавад.
4. Пойга – ситан – рамзи Имом Ҳасан.
Ин сутун нисбат ба сутунҳои дигар дарозтар аст, то ки ҳатман дар пойгаҳ шинонда шуда, ба замин, ба хок бевосита иттисол дошта бошад. Он рамзи писари калонии имом Алӣ - Ҳасан аст ва аз он сабаб, ки аз вай насле боқӣ намонд, мартабаи имомат низ ба Ҳусайн интиқол гардид, Ҳасан барои иҷрои амраш дар баробари ӯ «истодааст».
5. Барнех-ситан рамзи Имом Ҳусайн.
Иҷрои расми ақди никоҳ, хондани намоз ва ҳама гуна фароизи динӣ, билохира, бузургтарин амри мазҳабии исмоилии помириён – цировпидъид-чароғравшанкунӣ дар пояи ҳамин сутун иҷро карда мешавад.
Ин сутун рамзи Имом Ҳусайн аст, ки ӯ бунёдгузори сулолаи имомони исмоилӣ ҳисобида мешавад ва насли вай имрӯз дар шахси Имоми Замон Мавлоно Шоҳ-Карим ал-Ҳусайнӣ боқиву пойдор аст. Ин аст, ки имрӯз ин сутун рамзи бақои ҷовидонии мазҳаб ва пойдории силсилаи имомони исмоилист.
III. Дароз сипохъчен – тирчӯбҳои дароз.
Онҳо ҳамагӣ 13- тоанд, ки 6 дона дар болои оташдон, 7-тои дигар болои барнех (суфаи болоӣ) насб карда мешаванд. Дар замони ислом ин шаш дарозсипохъчи аввал рамзи шаш пайғамбари таърих гардиданд, ки аз миёни қавмҳои яҳудиву араб бархостаанд, яъне 1) Одам, 2) Иброҳим, 3). Нӯҳ, 4) Мӯсо, 5) Исо, 6) Муҳаммад.
Ҳафт сипохъчи болои нех нишонаи ҳафт имоми аввал аст, ки инҳоанд: 1) Алӣ, 2) Ҳасан, 3) Ҳусайн, 4). Зайнулобиддин, 5). Муҳаммади Боқир, 6) Ҷаъфари Содиқ, 7) Исмоил.
Имрӯз баъзан дар ноҳияҳое, ки ин тирчӯбҳои дароз 12-тоанд, ки рамзи 12 имом ҳисобида мешаванд ва гоҳе 14-то, рамзи 14 маъсумони пок маҳсуб мешаванд. Ҳар дуи ин намудҳо аз ҷиҳати мазҳабӣ дуруст нестанд.
Аз тарафи вогъцнех (суфаи дароз) 18 кутсипохъч (тирчӯбҳои кӯтоҳ) ва аз тарафи дупеча 17-тои дигар васл карда мешаванд, ки мутаносибан 18 камарбаста ва 17 миёнбастаро ифода мекунанд. Яъне онҳое, ки Муҳаммад ва Алиро дар сафарҳояшон ҳамроҳ ва дастёрӣ кардаанд.
IV. Чорхона.
Дар болои тирчӯбҳои асосӣ яке аз ҷузъҳои муҳимтарини чид-чорхона сохта мешавад, ки он рамзи чор унсури нахустини табиат: Хок, Об, Бод, Оташ мебошад. Яъне хонаи якум - хонаи Хок, хонаи дуввум – хонаи Об, саввум – хонаи Бод, чорум – хонаи Оташ. Тартиби ин хонаҳо мувофиқи тартиби ҷойгиршавии ин аносири чоргона аст, ки дар болои ҳам қарор мегиранд.
V. Се санҷ. (Синҷ, нишастгоҳ).
Дар зери панҷ сутуни номбурда се санҷ-нишастангоҳ гузошта мешаванд, ки рамзи се қисми таркибии олами моддӣ ҳастанд. Яъне санҷи якум, ки дар пеши оташдон насб карда мешавад (чалак- санҷ), таҷассуми олами ҷамодот аст. Санҷи дуввум –«вогзнех-санҷ»- таҷассуми олами наботот ва саввумаш – «барнех-санҷ» -рамзи олами ҳайвоноту инсон маҳсуб мегардад. Аз он сабаб, ки санҷи аввал рамзи олами ғайризинда аст, бинобар ин он ду санҷи дигар поёнтар насб карда мешаванд.
VI. Кицор-кадозар-оташдон.
Оташдон унсури марказии чид аст, ки бе он сохтани хона ҳаргиз раво нест. Кицор дар гузашта чун хонаи оташи муқаддас парастиш мешуд ва имрӯз низ дар баъзе мавридҳо мо ин чизро мушоҳида мекунем.
Чунончи, ҳар як помирӣ ҳангоми иҷрои маросими сур ё ба сафар баромадан ҳатман ба болои оташдон зиёрат мекунад, зеро мардуми мо низ мисли ҳамаи эрониҳо ба озар (оташ) ҳамбастагии махсусе пайдо кардааст.
Дар болои оташдон дар рӯзҳои муайян ва инчунин ҳангоми иҷрои ин ё он маросими мардумӣ ё динию мазҳаб ситирахм (ҳазорсипанд) дуд дода мешавад, ки то фариштагони ҷовидон дуои хайр кунанд ва нияти соҳибони хонаро бароварда созанд.
Дар рӯзҳои ид ва шаби аввали баъд аз вафот дар болои оташдон чароғ даргиронда мешавад, ки аз ду нур иборат аст. Дар шаби саввуми баъди марг пас аз иҷрои маросими цировпидъид чароғдон рӯи даст ба болои зъингак бароварда мешавад ва ҳама аёли наврафта онро себорӣ зиёрат мекунанд. Чунки кицор-хонаи оташ ва нуру равшаноии ҳар хонаи помирӣ аст. Пас онро бояд муқаддас нигоҳ дошт.
VII. Буҷкагъиҷ. (Тахтаи мусавварадори миёни 2 сутуни ба номи Ҳасан ва Ҳусейн).
Дар давраи ориён дар рӯи буҷкагъиҷ, рамзи Хуршеду Моҳ ва шаш фариштаи ҷовидон, ҳафт ситораи мунаввар ва чароғдон кандакорӣ карда мешуд ва ҳоло ҳам гоҳе ин нақшҳо тарсим карда мешаванд. Вале аксаран он бо нақшу нигори мухталифи холӣ аз маънои динӣ оро дода мешавад. Дар байни мардум буҷкагъиҷ ҳамчун рамзи дастҳои бародарон Ҳасан ва Ҳусайн маънидод карда мешавад.
Хулоса, чун инсон аз волотарин неъматҳои илоҳӣ, ки ақл аст, баҳраманд гашт ва андар офариниши Эзид нигарист ва онро дарёфту бишнохт, ҳаммонанди он барои худ хонае сохт, ки он аз ҳама ҷиатҳо ба хонаи Худо-ҷаҳони бекарона монанд аст. Аз ин рӯ, то гоҳе, ки замину замон ҳаст, чид-хонаи пайравони ростӣ низ боқӣ мемонад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев