Баноми Худои беандоза мехрубон ва нихоят борахм.
Эй подшохи одили дини мубини мо,
Эй киблагохи пок-Имоми якини мо.
Аз файзи макдами ту шавад бар чахон дигар,
Мехробу маъбади сарзамини мо.
Маро ба хар ду чахон рахмати Имом бас аст,
Хамеша вирди замир ин бузургном бас аст.
Чу бе Имоми Замон набвад осмону замин,
Ба хабли тоату фармонаш эхтисом бас ачт....
Азизони дил бародарон ва хохарони рухонии азиз ва мехрубон хамагии шуморо ба муносибати ба тахти Имомат нишастани Хазрати Нур Маалоно Шохкарим Ал Хусайни Нури замину осмон, ва Чашнии Алмоси аз самими дил муборак бод гуфта умри дарози пурбаракат саломатии бардавом зиндагии хушу пурсаодату пур аз хайру баракату шоди аз Даргохи Он Хазрати Воло орзу дорам. Бигузор ки харчи тезтар мову шуморо ба дидорм Нурониву Зохириву Ботини худ мушараф гардонад. Мехру мухаббату садокати мову шуморо ба Имоми Махбубамон зиёдтару зиёдтар гардонад дасти Мавлои Замон хамеша чун чатри сар нигахбони хамагии ману шумо ва хонаводахоямон бошад. Чашниии Алмосии Имоми Махмбубамон муборак.....
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2
-Яъне "Эй писари ман , савор шав бо мо дар кишти ва мабош аз кофирон" Ва Нуҳ бо Худой муноҷот кард , ки писари ман аз аҳли ман аст ва ваъдаи Ту ҳаққ аст&q...ЕщёВа низ гуем , ки раво нест , ки халқ аз зоти хеш роҳи рост ёбад.Ҳар ки гуяд : ман салоҳи дини хеш донам , он касро Худо Таъоло радд карда бошад , аз баҳри он , ки агар Худои Таъоло донистӣ , ки халқ ба худ роҳи рост биёбанд , раво набудӣ , ки пайғамбар фиристодӣ. Ва чун пайғамбар фиристод , дуруст шуд , ки халқ гумроҳ буданд. Ва далел бад-он , ки " ҳеҷ кас бе раҳнамое дар маърифати Худой аз зоти хеш роҳи рост наёбад" , он аст , ки Одам , алайҳи-с-салом , ба ихтиёри хеш аз дарахте , ки андар Биҳишт буд , уро раво набуд хурдан , бихурд , андар он салоҳи хеш донист , ки хашми Худой андар он буд , бад-он сабаб аз Биҳишт бияфтод. Ва далели дигар он , ки Нуҳ алайҳи-с-салом , ба ихтиёри хеш мар- писари хешро дар кишти хонду гуфт : "Ё бунайя-ркаб маано ва ло такун маа-л-кофирина (11:42)
-Яъне "Эй писари ман , савор шав бо мо дар кишти ва мабош аз кофирон" Ва Нуҳ бо Худой муноҷот кард , ки писари ман аз аҳли ман аст ва ваъдаи Ту ҳаққ аст" , чунонки гуфт қавлуҳу Таъоло : " Инна -бни мин аҳли ва инна ваъдака-л-ҳаққу (11:45) То Худои Таоло мар -он қавлро радд кард ва гуфт , қавлуҳу Таъоло : " Ё Нуҳу , ӯ аз аҳли байти ту нест , ки ӯ кор на неку кард".Ва далели дигари он ки "ихтиёри халқ рост набошад" он аст , ки Иброҳим , алайҳисалом , чун ситораро дид , гуфт : "Ин Худои ман аст" Ва чун "Моҳро дид , гуфт: "Ин аст Худои ман" .Ва чун Офтобро дид , гуфт "Ин аст Худои " ман" .Ва ин бузургтар аст , то ба охир бидонист , ки он чӣ гумон мебарад , хато бувад.
Ва далели чаҳорум бад-он , ки "ихтиёри халқ хато бошад" он аст , ки Мусо алайҳиссалом , чун ба Тури Сино биёмад , бани Исроил даст боздошт ва пештар аз эшон ба муноҷот омад , то Худои Таъоло мар уро гуфт: " Чаро пеш аз қавм бишитофтӣ ?" . Чунонки гуфт , қавлуҳу Таъоло : "Ва моъ аъҷалака ан қавмика ё Мусо ?" (20:83).. Ин мардумро аз Худой бедор кардан буд, ки " он чи карди на савоб буд" , аз баҳри он дар ақиби ин оят гуфт , қавлуҳу Таоло : " Қола фа инно қад фатанно қавмака мин баъдика ва азаллуҳуму-с-Сомирийю" (20:85)--- Гуфт: "Қавми туро пас аз ту озмудем ва Сомири мар эшонро гумроҳ кард"
Ва низ Мусо , алайҳиссалом , ба ихтиёри хеш Худои Таолоро гуфт : " Маро бинамой то туро бинам" . Ва он аз у хато буд. Ва чун пайғамбар андар он чи барои хеш карданд , уммат сазовортар бошад , ки ба ихтиёри хеш кунад , ҳар чи кунад , хато кунад , ҳаргиз ба савоб нарасад.
Пас дуруст кардем , ки ихтиёри уммат хато бошад . Ва ин хабар , ки аз Расул , салла-л-Лоҳу алайҳи ва олиҳи , ривоят кунанд , ки { гуфт : Уммати ман ба гумбурдагӣ ҷумла нашаванд" } , аз ду ҳол берун нест , ё ин хабар на дуруст аст , ё уммати у касонеанд , ки аз эшон гумбурдагӣ наёяд. Ва он имомони ҳақанд , ва оммаи нодон.
ВД с. 41-42
ВД . с. 43
Ва донистани маънии пушидаҳо аз чизҳои зоҳир монанди дониши ғайб аст .Ва дониши ғайб Худойрост , чунонки ҳамегуяд , қавлуҳу Таоло : " Ва ли-л-Лоҳи ғайбу-с-самовоти ва-л-арзи" (11:123). Пас , ҳар касе , ки уро дониши пушида андар чизҳои зоҳир бештар бошад , у ба Худой наздиктар бошад.
Ва ҳар , ки донотар аст , аз Худой тарскортар аст , чунонки Худри Таоло ҳамегуяд : " Иннамо яхшо-л-Лоҳу мин ибоди...ЕщёВа низ гуем , сухани ақлӣ ва бурҳон оварем , аз Китоби Худои Азза ва Ҷалла , ки чизҳоро бар якдигар фазлу шараф аст андар олам. Ва он шараф мар чизҳоро бар якдигар мардум донад , аз баҳри он ки андар олам аз мардум шарифтар чизе нест чунонки Худо Таъоло гуфт : " Ва фаззалалноҳум ало касирин мимман халақно тафзилан" (17:70) --- Ҳамегуяд " Мо писарони Одамро фазл ниҳодем бар якдигар бар бисёре аз онҳо , ки офаридем фазл ниҳоданӣ". Ва ин фазл ниҳодан уро ба илму шараф аст.
ВД . с. 43
Ва донистани маънии пушидаҳо аз чизҳои зоҳир монанди дониши ғайб аст .Ва дониши ғайб Худойрост , чунонки ҳамегуяд , қавлуҳу Таоло : " Ва ли-л-Лоҳи ғайбу-с-самовоти ва-л-арзи" (11:123). Пас , ҳар касе , ки уро дониши пушида андар чизҳои зоҳир бештар бошад , у ба Худой наздиктар бошад.
Ва ҳар , ки донотар аст , аз Худой тарскортар аст , чунонки Худри Таоло ҳамегуяд : " Иннамо яхшо-л-Лоҳу мин ибодиҳи-л-ъуламоу" (35:28) --- Битарсед аз Худой бандагони ӯ - доноён" . Ва ҳар ки тарскортар аст , у ба Худой наздиктар аст , чунонки Худои Таоло гуфт : " Инна акрамакум инда-л-Лоҳи атқоқут (45:13)---- Ҳамегуяд " Азизтарини шумо наздики Худой тарскортарини шумост".
ВД. с 44