Оё вазъияти ҷаҳон...
- ҳамин тавр мемонад?
- бадтар мешавад?
- беҳтар мегардад?
КИТОБИ МУҚАДДАС ЧУНИН МЕГӮЯД
«Худо ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард, ва мамот дигар нахоҳад буд; ва гиря ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд; зеро он чи пештар буд, гузашт» (Ваҳй 21:4).
ИН БАРОИ ШУМО ЧӢ МАЪНО ДОРАД?
Кори пурмазмун ва қонеъкунанда хоҳед дошт (Ишаъё 65:21–23).
Беморӣ ва ранҷу азоб дигар нахоҳед дошт (Ишаъё 25:8; 33:24).
Бо аҳли оила ва дӯстон ҳаёти хушбахтонаву абадӣ хоҳед дошт (Забур 36:11, 29).
ОЁ МО БА СУХАНОНИ КИТОБИ МУҚАДДАС БОВАРӢ КАРДА МЕТАВОНЕМ?
Бале, камаш ду сабаб вуҷуд дорад:
Худо барои иҷрои ваъдаҳояш қодир аст. Дар Китоби Муқаддас танҳо Яҳува Худо, «Қодири Мутлақ», номида шудааст, чунки қувваи Ӯ беохир аст (Ваҳй 15:3). Аз ин рӯ, Худо ваъдаи додаашро нисбати беҳтар кардани ин ҷаҳон, ҳатман иҷро мекунад. Чуноне ки дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Ба Худо ҳама чиз имконпазир аст» (Матто 19:26).
Худо ваъдаҳои худро иҷро кардан мехоҳад. Масалан, Яҳува сахт мехоҳад, ки мурдагонро ба ҳаёт баргардонад (Айюб 14:14, 15).
Дар Китоби Муқаддас ҳамчунин гуфта мешавад: «Худованд ба дилшикастагон наздик аст, ва рӯҳафтодагонро наҷот хоҳад дод» (Забур 33:19). Бале, Худо ба одамони мӯҳтоҷ ёрӣ расондан мехоҳад.
Аз ин рӯ, мо боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува ба мо кӯмак кардан мехоҳад, то аз ояндаи хушбахтона баҳра барем! (Забур 71:12–14; 144:16)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев