Хутба: Дар сираи Паёмбар (с), улгую маҳбуби худ Расули Худо (с) мехонем, ки эшон дар охирин ҷумъаи моҳи Шаъбон барои мусулмонон хутба мехонд. Хутбае созанда, иҷтимоӣ, маънавӣ ва
ахлоқӣ. Дар ибтидо мусулмононро насиҳат мекард. Сипас ба эшон ёдовар мешуд:
أیُها الناس إنّه قد أقبلَ الیکم شهرُ اللهِ بالبَرکة وَ الرّحمة وَ المَغفرة شهرٌ هوَ عندَ اللهِ أفضلُ الشّهورِ و أیّامُهُ أفضلُ الأیّامِ و لیالیهِ أفضلُ اللّیالی و ساعاتُهُ أفضلُ السّاعات هوَ شهرٌ دُعِیتُم فیهِ الی ضِیافَةِ الله و جُعِلتُم فِیهِ مِن أهلِ کرامةِ اللهِ أنفاسُکُم فِیهِ تسبیحٌ و نَومُکُم فِیهِ عِبادَةٌ وَ عَمَلُکُم فِیهِ مَقبولٌ و دُعاؤُکُم فِیه مُستجابٌ فَاسئلوا اللهَ ربَّکم بِنِیّاتٍ صادِقَةٍ و قلوبٍ طاهِرَةٍ أن یُوَفّقکم لِصِیامِهِ وَ تَلاوة کتابِهِ فإنّ الشّقی مَن حُرِمَ غفرانُ اللهِ فی هذا الشَّهرِ العَظیم؛
Эй мардум! Моҳи Худо, ҳамроҳ бо баракату раҳмат ва омурзиш ба шумо рӯй овардааст. Моҳе аст, ки аз ҳамаи моҳҳо арзишмандтар аст ва рӯзҳояш арзишмандтарин рӯзҳост ва шабҳояш беҳтарин шабҳост ва соатҳояш аз ҳамаи соатҳо арзишмандтар ва арҷмандтар аст ва моҳе аст, ки шумо ба меҳмонии Худо даъват шудаед ва Худо шуморо дар ин моҳ гиромӣ доштааст ва нафасҳои шумо дар моҳи Рамазон тасбеҳ асту хобатон ибодати Худост ва амали шумо мавриди қабули даргоҳи Худост ва дуоятон дар ин моҳи азиз мустаҷоб аст. Бо ниятҳои дурусту дилҳои пок аз Худоятон бихоҳед, ки шуморо дар ин моҳ ба гирифтани рӯза тавфиқ диҳад ва ба тиловати Қуръон муваффақ созад. Чун бадбахт касе аст, ки дар инн моҳ мавриди бахшишу омурзиши Худо қарор нагирад.
Паёмбарри Худо (с) мунтазири омадани моҳи Рамазон намешуд. Мунтазир намешуд, то моҳи Рамазон биёяд ва ӯ аз фазоили ин моҳ барои мусулмонон сухан бигӯяд. Аз ин рӯ, бо оғози моҳи Раҷаб ин чунин дастт ба дуо бармедошт:
اللَّهُمَّ بَارِک لَنَا فِي رَجَبٍ وَ شَعْبَانَ وَ بَلِّغْنَا شَهْرَ رَمَضَانَ؛
Худоё! Барои мо дар моҳи Раҷабу Шаъбон баракат қарор деҳ ва моро ба моҳи Рамазон бирасон.
Дар охирин ҷумъаи моҳи Шаъбон низ аз мусулмонон мехост барои истифодаи баҳина аз моҳи Рамазон ва баракоти он омодагӣ бигиранд. Зеро ин моҳ як моҳи оддӣ нест ва бо соири моҳҳо тафовут дорад. Рӯзҳои он беҳтарин рӯзҳост, соатҳои он беҳтарин соот аст, шабҳои он беҳтарини шабҳост. Чӣ баракате аз ин болотар, ки нафасҳои инсон дар ин моҳ ба тасбеҳ табдил мешавад, хоби инсон ибодат маҳсуб мешавад, ҳамаи дуоҳои инсон мустаҷоб мешавад, амали инсон пазируфта мешавад ва подоши он музоаф мегардад. Ҳамин ки инсони рӯзадор рӯзаи худро ифтор мекунад, ҳамаи гуноҳони гузаштаи ӯ бахшида мешавад. Кофӣ аст дар ин моҳ инсон ахлоқи худро некӯ бисозад, то ҷавози убур аз пули сиротро ба даст оварад. Кофӣ аст иннсон бар коргарону зердастони худ осон бигирад, то Худованд дар ҳисоби худ бар ӯ осон бигирад. Дар ин моҳ агар ятимеро дастгирӣ кунӣ, Худованд туро гиромӣ медорад. Агар ояте аз Қуръонро бихонӣ, гӯё тамоми Қуръонро хондаӣ. Аммо беҳтарин кор дар ин моҳ, фиристодани салавот бар Паёмбари Худо (с) аст. Ҳар кас дар ин моҳ бештар бар Паёмбари Худо (с) салавот бифиристад, Худованд дар рӯзи қиёмат, ки каффаҳои мизони инсон сабук аст, каффаи мизони ӯро сангин мегардонад.
Фақат чанд рӯз то моҳи Рамазон боқӣ мондааст
Азизон! Фақат чанд рӯз то оғози моҳи Рамазон мондааст. Ҳар кадом аз мо бояд андаке аз зиндагии рӯзмарраи худ фосила бигирем. Фурсати хубе аст, ки аз худамон бипурсем: Бо чӣ рӯе мехоҳем ба дидори ин моҳи боазамт биравем. Оё ба хотири ин ки моҳи Рамазон бо гуруснагӣ, ташнагӣ ва тағири зиндагии оддӣ ҳамроҳ аст, бо симое гирифтаю ахму ба суроғи ин моҳ хоҳем рафт? Оё онро бори сангине талаққӣ хоҳем кард ва аз ҳамон рӯзи аввал шумориши маъкуси поёни онро оғоз хоҳем кард? Ё на, чун ташнагоне, ки ба об расидаанд, гуруснагоне, ки бо таом рӯбарӯ шудаанд ва ранҷидагоне, ки аз сафар бозгаштаанд, бо ин моҳ рӯбарӯ хоҳем шуд? Пурсишҳое аз ин қабил бисёр аст. Ҳар кас бояд ба фарохӯри худ ба ин пурсишҳо бияндешад ва барои ин моҳ омодагӣ бигирад. Аммо як масъалаи асосӣ боқӣ мемонад. Мое, ки орзу дорем дар ин моҳ ба подоше бирасем, ки Худованд ба рӯзадорон ваъда додааст, бояд мутаваҷҷеҳ бошем, ки монанди ибодатҳои дигар, бархӯрдории воқеӣ аз ин подош, шароиту лавозими хосси худро дорад. Аввал шакли ибодат аст. Баъд аз он кайфият, навъ ва ҷавҳараи ибодат. Аз Имом Боқир (а) ривоят шудааст:
يا جابِرُ! هذا شَهرُ رَمَضانَ مَن صامَ نَهارَهُ و قامَ وِردا مِن لَيلِهِ و عَفَّ بَطنَهُ و فَرجَهُ و کفَّ لِسانَهُ، خَرَجَ مِن ذُنوبِهِ کخُروجِهِ مِنَ الشَّهرِ.» فَقالَ جابِرٌ: يا رَسولَ الله، ما أحسَنَ هذَا الحَديثَ! فَقالَ رَسولُ الله(ص)ِ: «يا جابِرُ و ما أشَدَّ هذِهِ الشُّروطَ!
Паёмбари Худо (с) ба Ҷобир ибни Абдуллоҳ фармуд: Эй Ҷобир! Ин, моҳи Рамазон аст. Ҳар кас рӯзашро рӯза бидораду бахше аз шабашро ба ибодат бархезад ва шикаму шаҳваташро пок нигаҳ дорад ва забонашро ҳифз кунад, аз гуноҳонаш берун мешавад, он гуна ки аз ин моҳ берун мешавад.
Ҷобир гуфт: Эй Паёмбари Худо! Ин сухан, чӣ некӯст. Паёмбари Худо (с) фармуд: Эй Ҷобир! Ва ин шартҳо чӣ сахт аст.
Абосалти Ҳиравӣ дар охирин ҷумъа аз моҳи Шаъбон ва дар остонаи моҳи Рамазон ин шароитро аз Имом Ризо (а) савол менамояд. Имом Ризо (а) дар посухи ӯ ин шароитро тавзеҳ медиҳад:
يَا أَبَا الصَّلْتِ إِنَّ شَعْبَانَ قَدْ مَضَى أَکثَرُهُ وَ هَذَا آخِرُ جُمُعَةٍ مِنْهُ فَتَدَارَک فِيمَا بَقِيَ مِنْهُ تَقْصِيرَک فِيمَا مَضَى مِنْهُ وَ عَلَيْک بِالْإِقْبَالِ عَلَى مَا يَعْنِيک وَ تَرْک مَا لَا يَعْنِيک وَ أَکثِرْ مِنَ الدُّعَاءِ وَ الِاسْتِغْفَارِ وَ تِلَاوَةِ الْقُرْآنِ وَ تُبْ إِلَى اللَّهِ مِنْ ذُنُوبِک لِيُقْبِلَ شَهْرُ اللَّهِ إِلَيْک وَ أَنْتَ مُخْلِصٌ لِلَّهِ عَزَّ وَ جَلَّ وَ لَا تَدَعَنَّ أَمَانَةً فِي عُنُقِک إِلَّا أَدَّيْتَهَا وَ لَا فِي قَلْبِک حِقْداً عَلَى مُؤْمِنٍ إِلَّا نَزَعْتَهُ وَ لَا ذَنْباً أَنْتَ مُرْتَکبُهُ إِلَّا قَلَعْتَ عَنْهُ وَ اتَّقِ اللَّهَ وَ تَوَکلْ عَلَيْهِ فِي سِرِّ أَمْرِک وَ عَلَانِيَتِک وَ مَنْ يَتَوَکلْ عَلَى اللَّهِ فَهُوَ حَسْبُهُ إِنَّ اللَّهَ بالِغُ أَمْرِهِ قَدْ جَعَلَ اللَّهُ لِکلِّ شَيْءٍ قَدْراً وَ أَکثِرْ مِنْ أَنْ تَقُولَ فِيمَا بَقِيَ مِنْ هَذَا الشَّهْرِ اللَّهُمَّ إِنْ لَمْ تَکنْ قَدْ غَفَرْتَ لَنَا فِي مَا مَضَى مِنْ شَعْبَانَ فَاغْفِرْ لَنَا فِيمَا بَقِيَ مِنْهُ فَإِنَّ اللَّهَ تَبَارَک وَ تَعَالَى يُعْتِقُ فِي هَذَا الشَّهْرِ رِقَاباً مِنَ النَّارِ لِحُرْمَةِ شَهْرِ رَمَضَان؛
Эй Абосалт! Моҳи Шаъбон бештараш гузашт ва ин ҷумъаи охири он аст. Пас ончӣ аз аъмоли хайр, ки дар ин мо дар анҷоми он кӯтоҳӣ кардаӣ дар ин чанд рӯзе ки боқи мондааст тадорук кун ва бар ту бод ба анҷоми ончӣ ба ҳоли ту муфид аст ва тарки ончӣ барои ту фоидае надорад ва дуою истиғфор ва тиловати Қуръонро афзун кун ва аз гуноҳону нофармониҳоят ба сӯи Худо бозгард ва тавба намо, то ин моҳи Худо ба ту рӯ карда бошад, дар ҳоле ки ту бо Худоят азза ва ҷалла ихлос варзида бошӣ ва амонате бар гардани худ боқӣ магузор, магар он ки онро адо кунӣ ва низ дар дилат кинаи ҳеҷ мӯъмине набошад, магар ин ки онро аз дил берун кунӣ ва ҳеҷ гуноҳеро, ки муртакиб будаӣ вомагузор, магар он ки онро раҳо карда ва аз он дурӣ гунзинӣ ва аз Худованд парво дошта бош ва дар умури ниҳону ошкораш бар ӯ таваккулу эътимод кун ва ҳар кас бар Худо таваккул кунад, ҳамоно Худованд ӯро кофӣ аст. Зеро Худованд кори худро ба анҷом мерасонад ва барои ҳар чиз андозае қарор додааст ва дар боқимондаи ин моҳ зиёд ин зикрро бигӯ: Парвардигоро! Агар то кунун дар ин моҳ моро набахшидаӣ, пас аз ту мехоҳем, ки дар боқимонади ин моҳ моро бибахшию биёмурзӣ, зеро Худованди Таборак ва Таоло дар ин моҳ мардуми бисёреро ба ҷиҳати эҳтироми моҳи мубораки Рамазон аз оташ озод мекунад.
Фурсате барои сохтани шахсияти имонӣ
Азизон! Хости илоҳӣ ин аст, ки ин моҳ фурсате барои сохтани шахсияти имонии огоҳу коромад бошад. Фурсате барои гирифтани тӯшаи маънавӣ, имонӣ ва хусусан ахлоқӣ, яъне дар ин моҳ бояд ҳадаф ин бошад, ки иннсон ба эминии ахлоқӣ даст пайдо кунад ва ба ғинои маънавӣ ва рӯҳонӣ бирасад. Он чунон қавӣ шавад, ки вақте Худо мехоҳад “на” бигӯяд ва вақте Худованд мехоҳад “Оре” бигӯяд. Ба ин тартиб, шахсияте хоҳем сохт, ки дар баробари ғароизу шаҳавот суқут намекунад, таслими одатҳои худ намешавад ва ба фишорҳо ва ибтилооти зиндагӣ тан намедиҳад. Шахсияте, ки маъруфро аз мункар ва ҳақро аз ботил ташхис медиҳад. Шахсияте басиру огоҳ, ки дар роҳи Худо маломати ҳеҷ маломатгареро намепазирад.
Азизон! Дар канори ҳамаи инҳо бояд барномае бисанҷем, ки ибодот бо муомилот ҳамроҳ бошанд. Шояд имтиёзи моҳи Рамазон бар соири муносибатҳои динӣ ҳамин бошад.
Барои мисол: Дар ин моҳ, рӯза бидуни закот комил намешавад. Намоз бидуни силаи раҳим ба камол намерасад. Дуо бидуни ислоҳ ва анҷоми кори нек комил намешавад. Аз ин рӯ, моҳи Рамазон як мадрасаи намуна барои фаҳм ва амал ба имон аст. Имоне, ки дар он ибодат ва амал аз ҳамдигар ҷудо нестанд.
Барномаи моҳи Рамазон такрорӣ набошад
Аммо нуктаи муҳимми поёнӣ! Дуруст аст, ки моҳи Раазон дар ҳар сол такрор мешавад, аммо барномае, ки барои Рамазон омода мекунем, набояд такрорӣ бошад, вагарна чӣ гуна мумкин аст таҳаввулу пешрафт дар сохтани шахсияти имонӣ ҳосил шавад? Аз ин рӯ, лозим аст, ки ба хотироти марбут ба поёни моҳи Рамазони гузаштаи худ муроҷиа кунем. Бибинем дар моҳи Рамазони гузашта чӣ кӯтоҳиҳое доштаем. Чӣ аҳдофе доштем, ки бароварда нашуданд. Бояд ба нақшаи роҳи зиндагии шахсӣ, иҷтимоӣ ва ҳато таҳсилӣ ва илмии худ нигоҳе бияндозем. Бояд ба ин бияндешем, ки чӣ гуна метавонем бо истифода аз моҳи Рамазон ин нақшаро ба пеш бибарем. Моҳи Рамазон моҳи рукуду ҷумуд нест. Мутаассифона барномаи моҳи Рамазони мо такрорӣ шудааст. Барномаҳое, ки асири завоҳир, одот ва суннатҳо ҳастанд. Аз ин рӯ, ояд бо истифода аз ин моҳ барои иртиботгирӣ бо арҳом, ҳамсоягон ва мӯъминон барномарезӣ кунем. Бояд барои ато ва корҳои хайрия барномарезӣ кунем. Бояд барои тафаккур, тадаббур ва мутаҳаввил кардани худ барнома дошта бошем. Бояд барои хонаводаи худ барномарезӣ дошта бошем, ки ғолибан аз онҳо ғофил ҳастем. Бояд барои бартараф кардани нуқоти заъфи зиндагии худ барномарезӣ кунем. Ба баракати ин моҳ, ин барномаҳо боиси бартараф шудани нуқоти заъф ва тасбити нуқоти қуввати зиндагии мо мешавад. Набояд асири сериалҳои телевизионӣ, шабнишиниҳо, лаҳву лаиб шавем. Бисёре аз ин шабнишиниҳо холӣ аз ҳарому шубҳа нестанд. Ҳадди ақал ин ки ҳалолу ҳаром ба ҳам омехтааст ва касе ҳам ташхис намедиҳад. Набояд иҷоза диҳем, ки касе моро ба ҳар ҷое ки мехоҳад бибарад. Балки бояд зимоми умури худро ба даст бигирем ва ин ниёзманди иродаю назми дақиқ аст.
Фурсате такрорнопазир
Азизон! Бояд монанди касоне вориди ин моҳ шавем, ки ин моҳро фурсате ғайри қобили такрор медонанд. Чун намедонем, ки моҳи Рамазони дигареро дарк хоҳем кард ё на. Бояд бо дилҳои соф, аммо оканда аз дағдағаю нигаронӣ ба даргоҳи Худованд дуо кунем. Дилҳое, ки мехоҳанд дар меҳмонии Худованд андаке аз нигарониҳо ва андӯҳашон коста шавад:
أللَهُمَّ اشْحَنْهُ بِعِبَادَتِنَا إيَّاک، وَزَيِّنْ أَوْقَاتَهُ بِطَاعَتِنَا لَک، وَأَعِنَّا فِي نَهَارِهِ عَلَى صِيَامِهِ، وَفِي لَيْلِهِ عَلَى الصَّلاَةِ وَالتَّضَرُّعِ إلَيْک وَالخُشُوعِ لَک، وَالذِّلَّةِ بَيْنَ يَدَيْک... أللَّهُمَّ وَاجْعَلْنَا فِي سَائِرِ الشُّهُورِ وَالأَيَّامِ کذَلِک مَا عَمَّرْتَنَا، وَاجْعَلْنَا مِنْ عِبَادِک الصَّالِحِينَ الَّذِينَ يَرِثُونَ الْفِرْدَوْسَ، هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ، وَالَّذِينَ يُؤْتُونَ مَا آتَوْا وَقُلُوبُهُمْ وَجِلَةٌ أَنَّهُمْ إلَى رَبِّهِمْ رَاجِعُونَ، وَمِنَ الَّذِينَ يُسَارِعُونَ فِي الْخَيْرَاتِ وَهُمْ لَهَا سَابِقُونَ؛
Бор Худоё! Моҳи Рамазонро аз ибодату парастиши мо мамлувву пур гардон ва авқоти онро ба тоату фармонбарии мо барои ту ороста намо ва моро дар рӯзаш ба рӯза доштан ва дар шабаш ба намозу зорӣ ба сӯи даргоҳи ту ва фурӯтанию хорӣ дар баробари ту, ёрӣ фармо... Бор Худо! Моро дар боқии моҳо ва рӯзҳо то замоне ки зиндаамон медорӣ, ҳамчунон ба тавре ки барои моҳи Рамазон дархост шуд, қарор деҳ ва моро аз бандагони шоистаат бигардон, ки биҳиштро ба ирс мебаранд, дар ҳоле ки дар он ҷовидон ҳастанд ва аз ононе қарор бидеҳ, ки ончӣ садақотро медиҳанд, дар ҳоле ки дилҳояшон аз андешаи бозгашт ба сӯи Парвардигорашон тарсон аст ва аз онон ки дар некиҳо мешитобанд ва эшон барои он некиҳо бар дигарон пешӣ гирандаанд.
Бейрут, 25 Шаъбони 1436, баробарбо 12/6/2015 http://www.bayynattj.com/index.php/1-92/1-107/1094-%D1%85%D1%83%D1%82%D0%B1%D0%B0%D0%B8-%D2%B7%D1%83%D0%BC%D1%8A%D0%B0%D0%B8-12-6-2015
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4