Худованди Субҳонаҳу ва Таоло мефармояд: «Моҳи Рамазон моҳе аст, ки Қуръон дар он барои роҳнамоии мардум, нишонаҳои ҳидоят ва фарқ байни ҳақу ботил дар он нозил шудааст. Пас он кас аз шумо, ки дар моҳи Рамазон дар ҳазар бошад рӯза бидорад! Ва он кас ки бемор ё дар сафар аст, рӯзҳои дигареро ба ҷои он, рӯза бигирад. Худованд роҳатии шуморо мехоҳад, на заҳмати шуморо! Ҳадаф ин аст, ки ин рӯзҳоро такмил кунед ва Худоро бар инки шуморо ҳидоят кардааст бузург бишуморед, шояд ки шукргузорӣ кунед!”. Моҳи раҳмат ва мағфиратЧанд соате бо поёни моҳи Шаъбон фосила дорем. Аз Худованди Мутаол мехоҳем дар ҳоле вориди моҳи Рамазон кунад, ки дар амал ба суннатҳои Пайғамбари Худо (с) дар ин моҳ кӯтоҳӣ накарда бошем. Ҳамон моҳе, ки ҳамеша ба даргоҳи Худованд дуъо мекардем, то онро дарк намоему аз караму бахшишҳои афзунтари Илоҳӣ дар он баҳраманд шавем. Акнун, ки ба лаҳазоти дарки ин моҳ расидем Худовандро сипос мегӯем. Аз назари фуюзоти раҳмату атои Илоҳӣ, ин моҳ монанди моҳҳои дигар нест. Чун ин моҳ, моҳи раҳмату мағфират аст. Дарҳои раҳо шудан аз оташи ҷаҳаннам дар ин моҳ боз аст. Дуъо мустаҷоб мешавад ва орзуҳою ҳоҷатҳои инсон дар ин моҳ бароварда мегарданд. Дар ин бора Пайғамбари Худо ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) мефармояд:
لَوْ یَعْلَمُ الْعَبْدُ ما فِی رَمَضانِ لَوَدَّ اَنْ یَکُونَ رَمَضانُ السَّنَة
«Агар бандагон бо ҳақиқати моҳи Рамазон ошно буданд, орзу мекарданд, ки тамоми сол Рамазон буд».
Аз ин рӯ, касоне ки бо воқеияти ин моҳ ошноӣ доранд, бо вуҷуди душвориҳои рӯзадорӣ дар рӯзҳои гарм ва тӯлонӣ будани соатҳо аз омаданаш хушҳол мешаванд; чун дар ин моҳ аз атоҳою бахшишҳои Илоҳӣ баҳраманд мегарданд. Аз ин рӯ, монанди Имом Зайналобдин (а) бо салому дуруд бо ин моҳ рӯбарӯ мешаванд. Он ҳазрат мефармояд:
Салом бар ту эй бузургтарин моҳи Худо ва эй иди дӯстони Худо! Салом бар ту, эй гиромитарин вақти ҳамроҳ, ва эй беҳтарин моҳ дар айёму лаҳзаҳо! Салом бар ту, эй моҳе ки баромадани комҳо дар он осон ва аъмоли нек дар он мунташиру фаровон аст. Салом бар ту, эй ҳамнишине ки чун падид ояд, эҳтиромаш бузург, ва чун нопадид шавад, фиқдонаш дарднок аст ва эй мояи умеде ки фироқаш ранҷафзо аст. Салом бар ту, эй ҳамдаме ки чун рӯ овард мояи унс шуд ва шодӣ ангехт ва чун сипарӣ шуд, ваҳшат афзуду мутааллим сохт».Аз ин рӯ, Имом Содиқ (а) ҳангоми ҳулули моҳи Рамазон ба фарзандони худ чунин тавсия менамуд:«Ҷонҳои худро ба талошу кӯшиш маҷбур кунед; зеро дар ин моҳ ризқу рӯзиҳо тақсим, ва аҷалҳо навишта мешавад ва дар он номҳои меҳмонони Худо, ки бар Ӯ ворид мешаванд, навишта мегардад. Дар ин моҳ шабе ҳаст, ки амал дар он аз амали ҳазор моҳ беҳтар аст».Бо ҳамаи инҳо, бо ворид шудани ин ҳадисرُبَّ صَائِمٍ لَيْسَ لَهُ مِنْ صِيَامِهِ إِلَّا الْجُوعُ والعطش«Чӣ басо рӯзадоре ки ғайр аз гуруснагӣ ва ташнагӣ баҳрае аз рӯзадории худ надорад»ما أقلَّ الصُوَّام، وأكثر الجُوَّاع«Чӣ қадар рӯзадор, андак ва гурусна бисёр аст», онон нигарони ин буданд, ки дар ин моҳ лаёқати меҳмонии Худованд ё чизҳоеро ки ба рӯзадорони ин моҳ ваъда дода шудаанд, надошта бошанд. Чун ғайр аз касоне ки шоистагии ҳузур дар меҳмонии Худовандро дар худ эҷод кардаанд, ба одоби меҳмонӣ пойбанд ҳастанд ва ҳақи мизбонро, ки Худованди Мутаол бошад, риоят мекунанд, каси дигаре аз файзу баракоти ин моҳ баҳраманд нахоҳад шуд. Аз ин рӯ, лозим аст пеш аз оғози моҳи Рамазон бояд ба ончӣ дар ин моҳ аз мо интизор меравад, таваҷҷуҳ дошта бошем, то битавонем лаёқати баҳрамандӣ аз баракоти Илоҳии ин моҳро пайдо кунем. Дар инҷо мехоҳем ба ду матн, ки ба охирин ҷумъаи моҳи Шаъбон марбут мешавад, бипардозем. Матни аввалро Абӯсалт аз Имом Ризо (а) ривоят карда аст, ки мегӯяд: Вақте охирин ҷумъаи моҳи Шаъбон шуд, он ҳазрат ба ман чунин фармуд:
«Эй Абӯсалт, моҳи Шаъбон, бештараш гузашту ин ҷумъаи охири он аст, пас ҳар чизе аз аъмоли хайр, ки дар ин моҳ дар анҷоми он кӯтоҳӣ кардаӣ, дар ин чанд рӯзе ки боқӣ мондааст, тадорук кун ва бар ту бод ба анҷоми коре, ки ба ҳоли ту муфид аст ва тарки ҳар чизе ки барои ту фоидае надорад ва дуъою истиғфор ва тиловати Қуръонро афзун кун ва аз гуноҳону нофармониҳоят ба сӯи Худо бозгарду тавба намо, то ин моҳи Худо ба ту рӯ карда бошад, дар ҳоле ки ту ба Худоят ихлос варзида бошӣ».Бинобарин, инсон бояд худро барои Худованд холис гардонад. Ихлос ин аст, ки ҳеҷ кас ғайр аз Худованд дар қалбат набошад
.وَ لَا تَدَعَنَّ أَمَانَةً فِي عُنُقِكَ إِلَّا أَدَّيْتَهَا وَ لَا فِي قَلْبِكَ حِقْداً عَلَى مُؤْمِنٍ إِلَّا نَزَعْتَهُ
«Амонате бар гардани худ боқӣ магузор, магар онки онро адо кунӣ ва низ дар дилат кинаи ҳеҷ мӯъмине набошад, магар инки онро аз дил берун кунӣ» ва ҳамон чизеро бигӯ, ки Худованд фармуда аст:
وَلَا تَجْعَلْ فِي قُلُوبِنَا غِلّاً لِلَّذِينَ آَمَنُوا
«Ва дар дилҳои мо кинае нисбат ба мӯъминин қарор мадеҳ»!
وَ لَا ذَنْباً أَنْتَ مُرْتَكِبُهُ إِلَّا قَلَعْتَ عَنْهُ وَ اتَّقِ اللَّهَ وَ تَوَكَّلْ عَلَيْهِ فِي سِرِّ أَمْرِكَ وَ عَلَانِيَتِكَ وَ مَنْ يَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ فَهُوَ حَسْبُهُ إِنَّ اللَّهَ بالِغُ أَمْرِهِ قَدْ جَعَلَ اللَّهُ لِكُلِّ شَيْءٍ قَدْراً
«Ва ҳеҷ гуноҳеро ки муртакиб будаӣ боқӣ магузор, магар онки онро раҳо карда ва аз он дурӣ гузинӣ ва аз Худованд тарс дошта бошу дар умури ниҳону ошкорат бар Ӯ таваккалу эътимод кун, ки ҳар касе ки бар Худо таваккал кунад ҳамоно Худованд ӯро кофӣ аст; зеро Худованд кори худро ба анҷом мерасонад ва барои ҳар чиз андозае қарор дода аст».Имом Ризо (а) дар поён чунин мефармояд:
وَ أَكْثِرْ مِنْ أَنْ تَقُولَ فِيمَا بَقِيَ مِنْ هَذَا الشَّهْرِ اللَّهُمَّ إِنْ لَمْ تَكُنْ قَدْ غَفَرْتَ لَنَا فِي مَا مَضَى مِنْ شَعْبَانَ فَاغْفِرْ لَنَا فِيمَا بَقِيَ مِنْهُ فَإِنَّ اللَّهَ تَبَارَكَ وَ تَعَالَى يُعْتِقُ فِي هَذَا الشَّهْرِ رِقَاباً مِنَ النَّارِ لِحُرْمَةِ شَهْرِ رَمَضَان
«Ва дар боқимондаи ин моҳ ин зикрро зиёд бигӯ: Парвардигоро, агар то кунун дар ин моҳ моро набахшидаӣ, пас аз Ту мехоҳем, ки дар боқимондаи ин моҳ моро бибахшӣ ва биомурзӣ; зеро Худованди Таборак ва Таоло дар ин моҳ мардуми бисёреро ба хотири эҳтироми моҳи мубораки Рамазон аз оташ озод мекунад».Бинобар ин, ин соатҳои боқимонда аз моҳи Шаъбон, соатҳои арзандае аст, ки агар пеш аз он кӯтоҳӣ кардаем, бо баҳрабардории дуруст аз он метавонем шоистагии ҳузур дар майдони раҳмати Илоҳиро пайдо кунем. http://www.bayynattj.com
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев