Худованди Субҳонаҳу ва Таоло дар китоби азизи худ чунин мефармояд:
Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим
وَلَقَدْ خَلَقْنَا الْإِنْسَانَ وَنَعْلَمُ مَا تُوَسْوِسُ بِهِ نَفْسُهُ وَنَحْنُ أَقْرَبُ إِلَيْهِ مِنْ حَبْلِ الْوَرِيدِ * إِذْ يَتَلَقَّى الْمُتَلَقِّيَانِ عَنِ الْيَمِينِ وَعَنِ الشِّمَالِ قَعِيدٌ * مَا يَلْفِظُ مِنْ قَوْلٍ إِلَّا لَدَيْهِ رَقِيبٌ عَتِيدٌ * وَجَاءَتْ سَکرَةُ الْمَوْتِ بِالْحَقِّ ذَلِک مَا کنْتَ مِنْهُ تَحِيدُ * وَنُفِخَ فِي الصُّورِ ذَلِک يَوْمُ الْوَعِيدِ * وَجَاءَتْ کلُّ نَفْسٍ مَعَهَا سَائِقٌ وَشَهِيدٌ * لَقَدْ کنْتَ فِي غَفْلَةٍ مِنْ هَذَا فَکشَفْنَا عَنْک غِطَاءَک فَبَصَرُک الْيَوْمَ حَدِيدٌ
“Ва мо инсонро офаридаем ва медонем, ки нафси ӯ чӣ васвасае ба ӯ мекунад ва мо аз шоҳраги ӯ ба ӯ наздиктарем. Онгоҳ ки ду фаришатаи дарёфткунанда аз росту чап муроқиб нишастаанд. Одамӣ ҳеҷ суханеро ба лафз дар намеоварад, магар инки муроқибе омода назди ӯ онро менависад. Ва сакароти марг ба ростӣ расид, ин ҳамон аст, ки аз он мегурехтӣ. Ва дар сур дамида шавад ин аст рӯзи таҳдид. Ва ҳар касе меояд дар ҳоле ки бо ӯ савқдиҳанда ва гувоҳидиҳандае аст. Ба ӯ мегӯянд воқеан ки аз ин ҳоли сахт дар ғафлат будӣ ва мо пардаатро аз пеши чашмонат бардоштем ва чашмони ту имрӯз тез аст”.
Ин оёти карима дар сураи "Қоф" ворид шудаанд. "Қоф" аз ҷумлаи ҳуруфи муқаттаъа аст, ки Худованд барои истидлол ва муқобила бо мушрикону мутакаббирон дар ибтидои баъзе аз сураҳои Қуръон оварда аст. Худованд бо эшон таҳадӣ карда, онҳоро ба мубориза даъват карда аст, ки агар метавонанд монанди ин Қуръон, даҳ сура аз он ё як сура аз онро биоваранд. Пайғамбари Худо, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) низ бо қироат сураи "Қоф"-ро дар баробари мусулмонон мехонд ва бо таваҷҷуҳ ба мазмуни волои тарбиятӣ ва имонии он, дар ду хутбаи намози ҷумъа ба он басанда менамуд. Имрӯз мехоҳем бо таваҷҷуҳ ба оёте ки дар ибтидои хутба тиловат кардем, ба чаҳор воқеият, ки лозим аст ба онҳо бипардозем, ишора намоем, ки ба таври мухтасар иборатанд аз:
1-Наздикии Худованд ба инсон;
2- Фариштагоне ки аз инсон ҷудо намешаванд;
3- Гурезе аз марг нест;
4- Рӯзи ҳушдор; яъне он лаҳзаи тарснок, ки дамидани сур аст. http://www.bayynattj.com
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев