Предыдущая публикация
То субҳ гиря кардаму дигар наомадӣ.
Бечоравор мекунам сӯйи Худо дуо,
Якборакак ба дидани писар наомадӣ.
Дирӯз хоҳарам аламгӯён гиря кард,
Ту лоақал ба таскини духтар наомадӣ.
Баъди ту нури хонаи мо нест, нест, нест!
Аз осмон чаро, ту чун ахтар наомадӣ.
Акнун, падар ба ҳар тараф гардида дар ба дар,
Бехону дар шуда падар, аз дар наомадӣ.
Хешу табор баъди ту бегона гаштаанд,
Бар кулбаи ҳазини мо зевар наомадӣ.
Эй очаҷон, қасам, ки ман хуни ҷигар шудам,
Болу парам ту будию чун пар наомадӣ.
Ёдат ба хайр модаро, ёдат ба хайр бод,
Бар рафтанат намекунам бовар, наомадӣ.
Сабри ҷамил аз Худо бар тифлакони ту,
Дилсӯзу меҳрубони мо, дигар наомадӣ.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев