Предыдущая публикация
Ҳар нафас бинам ман акси беғубори модарам
Сирату ахлоқи неки бебаҳойи модарам
Солҳо бигзашту нестӣ дар бару паҳлӯи ман
Баҳри ман ту зиндаиву ҷовидони модарам
Бе ту ин чархи фалак маъно надорад модаро
Зиндаям андар ҷаҳони бекарони модарам
Дар ҷавонӣ рафтию ҳаргиз намеойи ба хоб
Эй дареғи зулфу чавгони ҷавони модарам
Панду андарзи ту доим раҳнамойи қалби ман
Эй ту устоди бузургу меҳрубони модарам
Ишқу меҳрат дар вуҷудам шуълавар бошад мудом
Ёди ту ҳамчун баҳори бехазонӣ модарам
Мерасад рӯзе ки Ошиқ меравад аз ин саро
Ибтидою интиҳойи зиндагонӣ модарам
Ошиқи Воруӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1