Рамазон.
Андешаи аввал:
Ҳар шаб ду ракъат намози шабро бо сад оят бихон ва агар намози ту ба шаби қадр мувофиқ ояд, дар назди Худованди мутаъол дар давоми 84 сол ҳаррӯза аз зумраи фармонбардорон сабт мешавад. Паёмбар (с) фармудаанд: (Касе дар намози шаб сад оят бихонад, аз зумраи фармобарон навишта мешавад ва ҳар ки ҳазор оят бихонад, аз онҳое навишта мешавад, ки ҳамеша намози шаб мехонанд) Албонӣ онро саҳеҳ шуморида аст.
Андешаи дуввум:
Ҳар шаб 3 маротиба (Сураи Ихлос)- ро бихон агар ин хондани ту бо шаби қадр мувофиқ ояд аз зумраи касоне навишта мешави, ки 84 сол ҳар шаб Қуръони каримро хатм мекунанд, зеро Расули Акрам (с) фармуданд: (Оё касе аз шумо наметавонад ҳар шаб сеяки Қуръонро бихонад? Гуфтанд: Сеяки Қуръонро дар як шаб чӣ гуна бихонем? Гуфт: Қул ҳуваллоҳу аҳад баробари Сеяки Қуръон аст.) Саҳеҳи Муслим.
Андешаи сеюм:
Хондани охири сураи Бакара.
(لله ما في السماوات و ما في الارض)
Агар ин хонадони ту бо шаби кадр мувофиқ ояд аз зумраи касоне навишта мешави, ки 30 000 сӣ ҳазор шаб намоз хонданд, зеро Паёмбар (с) фармудаанд: (Ҳар касе ин ду оятро аз охири сураи Бақара ҳар шаб бихонад, барояш басанда аст). Ривояти Муслим. Ибни Ҳаҷар гуфт: Басанда аст, яъне аз намози шаб.
Андешаи чорум:
Ҳар шаб танҳо як сум садақа бидеҳ ва агар ин садақаи ту бо шаби қадр мувофиқ ояд, гӯё 84 сол ҳар рӯз садақа додаед.
Андешаи панчум:
(لا إله إلا الله وحده لا شريك له له الملك وله الحمد وهو على كل شيء قدير)
100 бор бигӯ ва агар ин гуфтани ту бо шаби қадр мувофиқ ояд, монанди касе мешавӣ, ки 300 000 ҳазор ғуломро озод карда аст зеро Паёмбар (с) дар ҳадиси саҳеҳ фармудаанд: (Ҳар шахси мусалмоне, ки мусалмонеро озод кардааст, Худованд дар ивази ҳар аъзои ӯ аъзоёни ӯро аз оташ наҷот медиҳад). Ривояти Бухорӣ ва Муслим.
Андешаи шашум:
Ин зикрро бигӯ:
(لا إله إلا الله وحده لا شريك له، الله أكبر كبيرا، والحمد لله كثيرا، سبحان الله رب العالمين، لا حول ولا قوة إلا بالله العزيز الحكيم)
Ҳеҷ маъбуде ба ҷуз Аллоҳ нест, яккаву бе шарик, Аллоҳ хеле бузург аст, ситоиши беадад Аллоҳро, пок аст Аллоҳи якто, ки Парвардигори оламиён аст, ҳеҷ нерӯ ва тавоне ҷуз нерӯи Аллоҳи пирӯзманду ҳаким вуҷуд надорад.
Сипас бигӯ:
اللهم اغفر لي وارحمني واهدني وارزقني
Худоё, маро биёмурз ва бар ман раҳм кун ва маро ҳидоят кун ва рӯзиям бидеҳ.
Дар давоми 30 000 сӣ ҳазор рӯз дастонат пур аз некӣ мешавад.
Дар ҳадисе омада аст, ки як аъробе назди Расули Худо (с) омад ва гуфт: Ба ман сухане биомӯз, ки бигӯям, фармуд: Бигӯ: «Ло илоҳа иллалоҳу ваҳдаҳу ло шарикаш лаҳ. Аллоҳу Акбар кабиро валҳамду лиллоҳи ксиро. Субҳоналлоҳи раббил оламин. Ло ҳавола ва Ло қуввата илло билллоҳил Азизил Ҳаким.
Мард гуфт: ин барои Парвардигорам, пас аз они ман чист? Гуфт: Бигӯ: Аллоҳумағфир ли варҳамни ваҳдиний варзуқний. Ҳангоме ки марди аъробӣ рафт, Паёмбар (с) фармуд: «Дастоншро аз хайр пур кард». Ин ҳадисра Албонӣ Ҳасан шуморида аст.
Андешаи ҳафтум:
Бигў:
(اللهم اغفر للمؤمنين و المؤمنات)
Аллоҳумағфир лил муъминина ва мӯъминон.
(Худоё, мардону занони мўъминро биёмурз)
Агар ин гуфтаи ту ба шаби ќадр мувофиқ ояд, барои ту шаст миллиард некӣ навишта мешавад, зеро паёмбар (с) фармуданд: (Ҳар кӣ барои мардони мӯъмин ва занони мӯъмин омурзиш бихоҳад, Худованд барои ӯ ба шумораи ҳар марду зани мӯъмин савоб менависад) ин ҳадисрр Албонӣ Ҳасан шуморида аст.
Андешаи ҳаштум:
(سبحان الله)
(Субҳоналлоҳ) яъне "Аллоҳ пок аст"- ро 100 маротиба бигӯ ва агар ин гуфтаи ту бо шаби Ќадр мувофиқ ояд, 30 000 000 миллион некӣ бар ту навишта мешавад ё сӣ миллион гуноҳ аз ту бахшида мешавад, зеро Паёмбар (с). фармуд: «Оё яке аз шумо қодир нест, ки ҳар рӯз ҳазор амали нек ба даст оварад?» Он гоҳ пурсанде аз маҷлисаш аз ӯ пурсид: «Чӣ гуна яке аз мо метавонад дар як рӯз ҳазор кори савоб кунад?» Гуфт: сад маротиба субҳоналлоҳ мегӯяд, пас барои ӯ ҳазор амали нек навишта мешавад ё ҳазор гуноҳ аз ӯ маҳв мешавад) ривояти Муслим
Андешаи нӯҳум:
Ин зикрро
(سبحان الله العظيم وبحمده)
"Субҳоналлоҳил Азим ва биҳамдиҳ" . "Ба поки ва ситоиши ёд мекунам Аллоҳи Бузургро" 100 бор бигӯ, агар ин гуфтаи ту бо шаби қадр мувофиқат кунад, дар биҳишт бароят 3 000 000 дарахти хурмо навишта мешавад, зеро Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармудаанд: «Ҳар кӣ бигӯяд: «Субҳоналоҳил Азим ва биҳамдиҳ, дар биҳишт барояш дарахти хурмо шинонда мешавад». Ин ҳадисро Албонӣ саҳеҳ шуморида аст.
Андешаи даҳум:
اللهم صل على محمد وآل محمد
Худоё, бар Муҳаммад ва хонадони Муҳаммад салвот фирист. Ин салватро 100 бор бигӯ, агар ин гуфтаи ту бо шаби қадр мувофиқ ояд аз ҷониби Худованд си миллион раҳмат навишта мешавад, зеро Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармояд: (Ҳарки бар ман як салавот мефиристад Худованд бар ӯ даҳ салавот мефиристад.) Ривояти Муслим. Шавконӣ мегуяд: Маънои салавот аз ҷониби Худо раҳмат барои бандагонаш аст. Худованд бар бандагонаш раҳмат пас аз раҳмат мефиристад, то раҳматаш ба он шумора бирасад.
Андешаи ёздаҳум.
Бигў:
سبحان الله عدد ما خلق سبحان اللهِ مِلْءَ ما خلق
سبحان الله عدَدَ ما في الأرض والسماء
سبحان اللهِ مِلْءَ ما في الأرض والسماءِ
سبحان الله عدد ما أحصى كتابه
سبحان اللهِ مِلْءَ ما أحصى كتابه
سبحان الله عدد كل شيء
سبحانَ اللهِ مِلْءَ كُلَّ شيءٍ
الحمد لله عدد ما خلق الحمدُ لله مِلْءَ ماخلق
الحمد لله عدد ما في الأرض والسماء
الحمد لله ملء ما في الأرض والسماء
الحمد لله عدد ما أحصى كتابه والحمد لله مِلْءَ ما أحصى كتابه
والحمدُ للهِ عدَدَ كلِّ شيءٍ
Андешаи дувоздаҳум.
Ҳар каси, 100 маротиба бигӯяд:
لا حول ولا قوة إلا بالله
Ҳеҷ қувва ва нерӯе ҷуз қувва ва нерӯи Аллоҳ вуҷуд надорад. Агар ин гуфтаи ӯ ба шаби қадр мувофиқат кунад, дар биҳишт бароят 3 000 000 се миллион ганҷ сабт мешавад, зеро Паёмбар (с) фармуданд: Оё ба шумо яке аз ганҷҳост биҳиштро бигуям? Ло ҳавола ва Ло қуввата илло билллоҳ. Ривояти Бухорӣ.
Хулоса:
1- Ду ракъат намоз, ки дар он 100 оят бошад.
2- Ҳар шаб се маротиба хондани сураи Ихлос.
3- Хондани ду ояти охири сураи Бакара:
لله ما في السماوات وما في الارض.
4- Садақа додан агарчи кам бошад.
5- Ло илоҳа иллалоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу лаҳул мулку ва лаҳул ҳамд ва ҳува ало кулли шайин қадир. 100 мартиба.
6- Ло илоҳа иллалоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, Аллоҳу Акбар кабиро валҳамду лиллоҳи ксиро, субҳоналлоҳи раббил оламин ло ҳавола ва Ло қуввата илло билллоҳил Азизил Ҳаким.
Аллоҳумағфир ли варҳамни ваҳдиний варзуқний.
7- Аллоҳумағфир лил муъминина вал мӯъминон.
8- Субҳоналлоҳ. 100 маротиба.
9- Субҳоналлоҳил Азим ва биҳамдиҳ. 100 маротиба.
10- Аллоҳумма салли ало Муҳаммад ва ало оли Муҳаммад. 100 маротиба.
11- Субҳоналлоҳи адада мо халақ.
Субҳоналлоҳи милъа мо халақ.
Субҳоналлоҳи адада мо фил арзи вассамо.
Субҳоналлоҳи милъа мо фил арзи вассамо
12- Ло ҳавола ва ло қуввата илло билллоҳ. 100 маротиба.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев