Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз боришоти сахти борон дар ду деҳоти ВМКБ хабар медиҳад, ки боиси баста шудани шоҳроҳи Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ гардид
Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ, рӯзи 27 – уми майи соли 2020 тахминан соати 22:20 дақиқа бар асари бориши шадиди борон дар километри 347, мавзеи деҳаи Санғев, ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб воқеъ дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ сел омадааст.
Тибқи иттилои манбаъ, сели азим муддате ҳаракати нақлиёт ба ду самтро боздошт.
Бо ҷалби 1 адад техникаи муҳандисӣ, борбардори фронталӣ аз тарафи МДНРА-и ноҳия соати 00:46 дақиқа ҳолати баамаломада бартараф карда шуда, роҳ барои ҳаракати нақлиёт пурра боз шуд", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки дирӯз нимишабӣ низ бар асари бориши сахти борони баҳорӣ дар километри 324, мавзеи деҳаи Шикев, ҷамоати деҳоти Нулванд шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ сел омад ва он муваққатан роҳи ҳаракати мошинҳоро баст.
Ҳушдори КҲФ аз гармои шадид ва тавсия ба сокинон: либоси тунук пӯшед, дар сар кулоҳ монед
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, то ин соате, ки хабар омода мешуд, корҳои бартарафсозии паёмади ин сели азим идома дошт ва бо расидани хабари тоза, хонандагонро дар ҷараён хоҳанд гузошт.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев