Предыдущая публикация
Пурфайзу бақо бошад.
Ҳар мазраи Деҳбаста.
Хушбоду ҳаво бошад
Ҳар мазраи Деҳбаста.
Чор мавсиму чор фаслаш,
Мафтун кунадам ҳар дам.
Бо ёди вай ҳар лаҳза,
Дил пок шавад аз ғам.
Ин деҳи азизи ман,
Гаҳвораи мо бошад.
Як махзани нурафзун,
Аз нури Худо бошад.
Зодгоҳи бузурги ман,
Зодгоҳи далерон аст,
Як махзани офтобру,
Гулбоғи гулафшон аст.
Меҳри дили худ бастам,
Бар ҳар хасу ҳар сангаш.
Зеботару волотар,
Бо сад гули хушрангаш.
Эй зодгаҳи моҳир,
Аз меҳри ту масрурам.
Эй зодгаҳи шоир,
Бо шеьри ту Манзурам.
Манзури Мавлодод 10.05.2020 Маскав
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2