Ин номаи пур аз сӯзу дардро бароят духтараки тоҷике менависад, ки имрӯз дур аз ватану оғӯши гарми он дар Амрико умр ба сар мебарад. Шояд хонандаи азизи ин Киссахои хаёти гумон кунад, ки ман пайи орзую ҳавас тарки ватан кардаам? Аммо ҳаргиз ин тавр нест, маро ғаму алам ва ноодамии шахсони наздикам ба кӯйи ғарибӣ ва бесӯйи андохтаанд…
Дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодам. Аз рӯзе ба баду неки ин ҷаҳони пурмакр сарфаҳм рафтам, донистам, ки падарам ба ҷустуҷӯйҳои илмӣ банд асту модарам дӯзанда шуда кор мекунад. Азоби ҳаррӯзаи модарамро бо чашмони сар медидаму бо ақли кӯдаконаам ба ӯ аҳсан мехондам. Очаҷонам субҳи солеҳон маро ба боғча ва акаамро ба мактаб бурда, худаш ба фабрикаи дӯзандагӣ ба кор мерафт. Падарам ба мо, ҳатто вақти сӯҳбат кардан надошт, ба донишгоҳ ба кор мерафту ба хона омада сари мошинка менишаст. Модарам бошад, мерӯфту мешӯст, медӯхту мепухт. Вақти холии истироҳат намеёфт, ҳеҷ гоҳ нашунида будам, ки падарам бо модарам хуш сухан гӯяд, ӯро навозиш кунад, ё аз сафаре барояш тӯҳфаяке биёрад. Баръакс, барои ду пула гап, ҳатто шикастани пиёлае ӯро мурданивор лату кӯб мекард. Ёд дорам, акаам дар синфи чоруму ман дар синфи дуюм мехондем, модарам духтарчаи зебое таваллуд кард. Худо накунаду хоҳаракам ғаш кунад, падарам ба модарам мечаспиду ҳақораташ мекард. Як шаб тифлаки шашмоҳаро гӯшаш дард мекард, ё шикамаш, ки чирросзанон мегирист. Бечора очаҷонам дару тирезаҳоро маҳкам мекард, ки овозаш ба гӯши падарам надарояд. Аммо ҳамаи кӯшишҳояш ботил баромаданду падарам аз шиддати асабоният ларзида аз ҳуҷраи корияш берун гашт. Ӯ аввал модари аз тарс ба даҳшат афтодаамро ду-се шатта кӯфту фарёд зад: Эй падарлаънати қанҷиқ, ман фардо бояд маърӯза кунам, ҳаромиятро хап медоронӣ ё не ?! Модарам гириста посух дод, ки чӣ кор кунам, хап намекунад. Ҳамин вақт падарам бо як дасташ чӣ хеле, ки ягон ашёи нозарурро мегиранд, хоҳарчаамро гирифту аз тирезаи ошёнаи дуюм ба поён ҳаво дод. Ҳуши модарам канд ва акаам давида рафта хоҳаракамро дар бағалаш зер карда овард. Дар поён мо қитъачаи замине доштем, ки модарам он ҷо ҳар хела зироат мекошт, тифлаки бечора рӯйи замини шудгоршуда афтодааст. Хоҳараки номуродам баъди як ҳафтаи ин ҳодиса ба худ наомада, аз дунё гузашт. Падарам ӯро ба духтур набурд, ҳеҷ балояш назадааст мегуфт, аммо даҳони ғарқи хуни он тифлак ҳеҷ гоҳ аз хотирам намеравад. Оҳиста – оҳиста мо ба камол расидему донишгоҳи олиро низ хатм намудем, падарам акнун профессор унвон дошт. Чанд ҷо хона доштему модарам низ хонашин шуд, аммо лутфи шавҳарро сазовор нагашт, ки нагашт… Падари ҷоҳилам акнун ҷоҳилтар гашта буду ӯро таҳқирру ҳақорат мекард, мо мешунидему хомӯш менишастем, зеро модар бо шираш дар хунамон ғуломиро ҷой карда буд. Вай бесоҳиб набуд, аммо чун падарамро худаш интихоб намуда буд, назди хешу ақрабо сархаму забонкӯтоҳ буд. Ман бо ширкати хориҷие шартнома баста, барои кор ба хориҷа рафтам, модарам розӣ набуд, зеро мехост, ки ман шавҳар кунам, вале…
- Ман дар умрам шавҳар намекунам, чунки намехоҳам мисли шумо азоб кашам, - нияти модарро фаҳмида гуфтам. Ӯ сарамро ба синааш зер карда, аз қаъри дилаш оҳ кашид ва чун абри навбаҳор ашк рехт. Чӣ қадар зебою хушбӯ буд, оғӯши модарам, мехостам як умр сар ба синаҳои баландаш гузошта, аз он накҳати гуворо нафас кашам. Маро насиҳатҳои зиёде карда гусел намуд, аз Олмон ҳар рӯз занг зада, аҳволпурсияш мекардам ва дар гуфтугӯйи охирин эҳсос кардам, ки модарам бемор аст. Ба мӯҳлати як ҳафта ба ватан баргаштам ва гумонам исбот шуд. Очаҷони 42 - солаам ба бемории хатарноки дил мубтало гаштааст. Бо нафрати ошкоро ба падарам нигаристам, нигоҳаш пушаймонию тарс дошт. Медонистам, ки барои падарам марги модарам не, балки танҳо мондану аз хизматгор маҳрум шудан гаронтар буд…
- Очаатро ҳамроҳат бурда, ба табибон нишон деҳ, харҷи роҳу табобатро худам мепардозам, - гуфт ӯ бо сари хам.
Баъди як ҳафта ҳамроҳи модарам ба Олмон парвоз намудем. Падарам ба дастам як миқдор маблағ гузошу ваъда дод, ки баъди муайн шудани рӯзи ҷарроҳӣ маблағи боқимондаро мефиристад. Модарамро ба духтурони беҳтарин нишон додам, сабаби ба ин беморӣ мубтало шудани инсон яъс, ноумедӣ, ғаму андӯҳ, вазъи нотинҷи рӯҳӣ ва тарс аст, шарҳ дод духтур. Ман гуфтаҳои ӯро тарҷума карда илова намудам, туро дадаам ба ин авҳол расонидааст. Духтарам, ӯ падарат аст, ин хел нагӯ, ки гунаҳгор мешавӣ- ғурунгид норизоёна модарам. Чанд бор гуфтам, биё ҷудо шавед, аммо шумо… Бас куне, гапамро бурид ӯ. Падарам на танҳо ба ваъдааш вафо кард, балки рӯзи ҷарроҳии модарам ба Олмон омад. Ман медидам, ки модарам чӣ хел ба ӯ бо нигоҳи миннатдорию дӯстдорӣ менигарад. Чашми падарамро хато карда дар гӯшаш гуфтам:
- Аз омадани кавалерат ин қадар хурсанд шудӣ? Ӯ бо табассум дандонҳои садафосояшро нишон дода шӯхӣ кард:
- Дигар кавалерамро ганда нагӯй!
Ҷароҳии модарам хуб гузашту падарам ба ватан баргашт, очаҷони ширинам бошад, як моҳи дигар бо ман монд. Чун аз кор бармегаштам, бароям хӯрокҳои бомазаи миллӣ тайёр намуда, дастурхон меорост, ҳарчанд мегуфтам, ки пас аз ҷарроҳӣ бояд дам гирад, гӯш намекард.
- Э, ман бозору саҳро намеравам –ку, аз хона то ошхона ҳамагӣ ду қадам, чӣ хел монда мешавам? - мегуфт бо чеҳраи хандон. Шартномаи ман ҳам ба охир расиду мо ҳамроҳ ба Тоҷикистон баргаштем. Ҳангоми тӯҳфахарӣ ӯ фақат барои падарам куртаю туфлӣ ва гарданбанд ҷудо мекард. Саломатии очаам рӯ ба беҳбудӣ меовард, падарам ҳам, каме ахлоқашро дигар карда буд, зеро духтурон ба ӯ гуфта буданд, ки бояд вақти модарам ҳамеша хуш бошад. Баъди ду соли ҷарроҳии модарам акаамро хонадор кардем, аммо афсӯс, ки ӯ дар ҷоҳилӣ аз падарам ҳам мегузаронид. Келин бошад, аз сабри модарам як фоиз ҳам надошт, арӯсаки семоҳа тарки манзили мо кард. Ин носозгории оилавӣ модарамро аз пой афтонд ва ӯ баъди се рӯзи рафтани келинаш вафот кард. Модари чилучорсолаи ормонии ман ҳама орзую омолашро ба хок бурд… Баъди марги ӯ аз дӯстонам кӯмак хостаму барои кор ба хориҷа рафтам. Барои додани солаш омада, хонаамонро ободу акаи бодичаамро соҳиби зан дидам, падарам духтараки ҷавони як хеши дурашро келин кардааст. Келин ба ман писанд омад, духтараки хубу тозакор ва ким чӣ хел ба модарам монанд буд.
- Чаро маро ба тӯят хабар накардӣ? - пурсидам аз акаам.
- Охир, ғами модарам кӯр нашуда боз зан гирифтан, шарм доштам.
Аз келин фаҳмидам, ки акаам ӯро озор намедодаасту шавҳари хуб будааст, шукр кардам. Боз ба ҷойи корам баргаштам, зеро бе модари ғамкуштаам хонаю дар, кӯчаю барзан, ҳатто Тоҷикистон холӣ метофт… Баъд аз ду соли марги модарам рӯзе падарам занг зада гуфт, ки оила бунёд мекунад ва арӯсаш як аспиранти пирдухтараш аст, агар тавонам ба тӯй биёям. Раҳмат гуфтаму гӯшии телефонро партофтам. Он шаб то кай гиристам, намедонам, лаҳзаҳои зиндагии модарам аз пеши назарам чун навори кино мегузаштанд. Чӣ гуна хона обод мекарду кӯрпаю курпача медӯхт. Акнун болои дӯконаш зани бегонае гаштугузор хоҳад кард. Пас аз ин ҳодиса дигар ба падару бародарам занг назадам, вале аз як дугонаам фаҳмидам, ки падарам тӯйи бошукӯҳе ороста, тамоми элитаи тоҷикро дар ресторани бонуфузи туркӣ ҷамъ оварда, бари арӯсаш шоҳмард шуда нишастааст. Худо бахташ диҳад, шояд аз марги модарам панд гирифта наварӯсашро эҳтиёт мекунад. Вале ман аз минбари баланди шумо ба падарам гуфтаниям:
- Очаамро ту куштӣ, дада, хунаш дар гарданат!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев