Аз Абуҳурайра аз Паёмбар (сав) ривоят аст, ки фармуданд: "Зан ба сабаби чаҳор чиз ба никоҳ гирифта мешавад: Ба сабаби моли он, ба сабаби насаби он, ба сабаби ҷамоли он, ба сабаби дини он. Ту зани диндорро ихтиёр намой масъуд (хушбахт) мешавӣ. (Бухори 5183)
Дар ин хусус дар суннати Расулуллоҳ (сав) ду роҳ мушоҳида карда мешавад:
1. Шакли якум шахс одами боваринокашро барои дидани духтаре, ки бо ӯ издивоҷ кардан мехоҳад равон кардан аст. Аз Анас (р) дар ин мавзӯъ аз Расулуллоҳ чунин ривоят аст, ки: Расулуллоҳ (сав) Умми Сулаймро барои дидани як зан фиристод ва фармуданд, ки " ба пойҳои ӯ нигоҳ кунад ва даҳонашро бӯй кашад". Мақсад аз ин дархост рост будан ё набудани пой ва доштан ё надоштани бӯйи даҳон аст. (ал-Ҳоким "Мустадрак" 2:166) Ин масъала ду ҷониба аст. Яъне ин хусус бар духтар ҳам равост. Духтар издивоҷкунанда ҳам ба нияти издивоҷ метавонад шахсеро барои омӯхтани хусусиятҳои шаҳбача равон кунад.
2. Шакли дигари суннат дар бораи тадқиқот бурдан аз якдигар бо нияти издивоҷ кардан ин вохурдан бо ҳамдигар аст. Дар инҷо мард зебогии занро меомузад ва фақат рӯй, дастонашро (то дастбанд) ва қадашро нигоҳ карда метавонад. Дар ин масъала Паёмбар (сав) рухсат додааст. Аз Абу Ҳумайд ривоят шудааст, ки Паёмбар (сав) чунин фармудаанд: Агар яке аз шумо барои издивоҷ кардан як духтареро нигоҳ кунад, зиёна надорад. Фақат ба нияти издивоҷ кардан нигоҳкуни ҷоиз аст. Агар зан дар ин бора надонад ҳам ҳукм дигаргун намешавад. (Найлул Автор, 6:110) Ҳатто дар ин масъала Паёмбар (сав) ташвиқ кардаанд. Аз ҷумла: Муғира б.Шуъба бо як зан издивоҷ кардан мехост Паёмбар (сав) ба ӯ гуфт: "Бирав, ӯро бубин. Зеро дидан, робитаи байни шуморо беҳтар мегардонад. (Насои, Никоҳ:17) Дар ин ҳадисҳо фоида,ҳикмат ва лозим будани нигоҳ кардан пеш аз издивоҷро мефаҳмонад. Ҳангоми нигоҳ ва мулоқот кардан маҳдудиятҳое вуҷуд дорад: 1. Ба ҷои мулоқот вобстаг аст. Ин масъаларо ҳадиси шарифи зерин равшани меандозад: " Аз шумо касе ба Худо ва рӯзи охират имон дошта бошад бо зани бегона (маҳрамаш набуда) танҳо намонад. Агар инро кунад сеюми шумо шайтон мешавад. ( Бухори, Никоҳ: 111) Аз ин ру ба хотири издивоҷ мулоқот кунандаҳо дар наздашон шахси сеюмро ҳозир кунанд. Дар акси ҳол "халват" ба ҳисоб шуда ҷоиз намебошад. Дар ин мулоқот бо якдигар гап задан, суҳбат кардан, аз якдигар хоҳиш ва талабҳояшонро ба забон овардан мумкин аст. Пас аз чанд муддати суҳбат, тарафҳо андеша ва таассуроти худро дар бораи якдигар муайян мекунанд. Ба зуди қарори худро огоҳ кунанд. Мусоъадаи дини барои як маротиба вохури дода шудааст. Се-чор бор мулоқот намуданд аз ҷиддият дур аст, ҳам барои саломатии оила барпо мекардаги хуб намебошад, фоидае намедиҳад. Аз ин рӯ дар наздашон шахси сеюм ҳам бошад зуд-зуд вохурдан дуруст нест.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев