Вақте ки Алӣ (к.в.) ба назди Абубакр (р) даромад, дар ҳоле ки рўҳи покаш ба назди Холиқаш баромада буд, пас гирякунон гуфт:
- Мо аз Аллоҳ (ҷ) ҳастем ва ба сўйи ў боз мегардем. Баъд аз он бо ғаму андўҳи шадиде гирякунон гуфт:
- Худованд раҳматат бифармояд, эй Абубакр (р), қасам ба Аллоҳ, ки ту аввалин қавме будӣ, ки Ислом овардаӣ ва содиқтарини қавм будӣ аз рўйи имон, ва дорои яқини олӣ будӣ, пас Аллоҳ (ҷ) туро аз Ислом ва аз Расули худаш ва аз ҳамаи мусалмонҳо ҷазои хайр бидиҳад. Ту Расули Худо (с)-ро
тасдиқ кардӣ, дар ҳоле ки мардум такзибаш мекарданд ва барояш каримиву сахигӣ кардӣ, вақте ки мардум бахилӣ
мекарданд ва ҳамроҳаш хестӣ, вақте ки мардум нишастанд ва Аллоҳ таъоло туро дар китобаш сиддиқ хонд. Пас Алӣ (к.в.) ин
оятро хонд:
Сухани Худо:
«Ва касе, ки сухани рост овард ва тасдиқаш кард, ононпарҳезгоронанд» ки мурод дар ин оят ту ва Муҳаммад (с) мебошед.
Ҳамчуноне будӣ, ки Паёмбари акрам (с) фармуда буд:
«Бадани заъиф доштӣ, лекин дар динат қавӣ будӣ, дар нафсат мутавозеъ будӣ, дар назди Аллоҳ (ҷ) бузург будӣ, дар рўйи замин
ҷалил будӣ, дар назди мўъминон бузург будӣ. Дар назди ту касе аз рўйи чиз маконате надошт ва заъиф дар назди ту қавӣ буд ва қавӣ дар назди ту заъиф буд, ҳатто ки аз қавӣ ҳақро меситондӣ ва барои заъифҳо низ ҳамин тавр мекардӣ».
Худованд моро аз аҷри ту маҳрум насозад ва моро баъди ту гумроҳ нагардонад.
Истифода аз китоби Даҳ Ёри Биҳишти Тарҷумаи Муҳаммадикболи Садридин....
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев