ва Маймуни Нар🐵бихонед👇
Зану шавҳаре ба боғи ҳайвонот
рафтанд, маймунеро мушоҳида
карданд, ки бо ҷуфташ ишқварзӣ
мекард. Зан гӯфт: чӣ робитаи
дӯстонае. Сипас ба қафаси шерҳо
рафтанд, шери нареро диданд, ки
каме дуртар аз ҷуфташ ором
нишастааст. Зан гӯфт: чӣ робитаи
дӯстона аммо дилгиркунандае.
Шавҳараш гӯфт: ин шишаро ба
самти ҷуфти шери нар парто ва
бубин, ки шер чӣ аксуламал нишон
медиҳад. Вақтеки зан шишаро ба
сӯи шери мода партофт, шери нар
аз ҷой бархост ва барои дифоъ аз
ҷуфташ ба ҳар тараф ҳаракат кард.
Аммо вақтеки шишаро ба сӯи
маймуни мода партофт, маймуни
нар аз назди ҷуфташ дур гурехт то,
ки шиша ба худаш назанад.
Мард ба занаш гӯфт: азизам,
набояд эҳсосоти дуруғин ва
зоҳириӣ касе туро фиребад. Бархе
инсонҳо ҳастанд, ки бо эҳсосоти
дуруғинӣ худ, дигарҳоро
мефиребанд. Набояд фиреби
зоҳирнамоии онҳоро хурд. Бархе
инсонҳо ҳам аз ботин ва умқи
вуҷудашон дигаронро дӯст
медоранд, аммо ҳунари зоҳирсозӣ
надоранд. Аммо чи басо
маймунсифатон дар ин замона
зиёдану шерсифатон кам.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев